• Бахтовар Сафаров
  • 07.10.2019
  • 2

ТУ ФАҚАТ БАҲОНА, МОДАР…

САФАРИ АБДУРАҲИМ соли 1991 дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Дар МТМУ №61-и зодгоҳаш таҳсил карда, хатмкунандаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тољикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов мебошад. Маҷмӯаи аввалини ашъораш бо номи «Сафинаи Сафар» соли 2016 чоп шуд. Намунаи ашъораш дар матбуоти даврӣ нашр гардида, чанде аз онҳо суруд шудаанд.

Ба Ватан равона ҳастам, ба Ватан равона, модар,
Ки барои бозгаштан, ту фақат баҳона, модар.

Раҳи ман раҳи сапедат, дили ман пур аз умедат,
Зи дари ту медароям ба лабам тарона, модар.

Ба ҷаҳони ту биёям, ба ҷаҳони беканорат
Бинамуда тай ҳазорон раҳи бекарона, модар.

Лаби дар нишаста гӯӣ: писарам ҳамебиёяд
Ба канори гарму нармат биравам давона, модар.

Ба мисоли ҳарфи хомам, ҳама шеъри нотамомам
Агарам туро набошад дили шоирона, модар.

Зи Худо иҷоза гирам, ман иҷозаи суҷудат
Ки туӣ ягона модар, чу Худо ягона, модар.

 ***

Гиря дорам, ту вале механдӣ,
Сахт механдӣ, бале механдӣ.

Дафтарам пур шуда аз шеъри ғамат,
Лек дар ҳар ғазале механдӣ.

Дида ҳолат аламам меояд,
Мекунам ҳар амале, механдӣ.

Ҳарфҳои ту басе ширинанд,
Дар лабонат асале механдӣ.

Нест дар сина касе монандат
Як туӣ, бебадалӣ, механдӣ.

Ман ба ранҷи азалӣ мегирям,
Ту ба шавқи азалӣ механдӣ.

***

Фасли андуҳи ту бигзашт, биё!
Боғи дил сабз шуд, аз дашт биё!

Шеъри ман дар варақе хандон аст,
Мисраҳоям ҳама гул гашт, биё!

Рӯзу шаб соати бекорӣ тамом,
Соати кории ман ҳашт, биё!

Дар Хуҷанданд хама пазмонат,
Ёри кӯлобиям, аз Рашт биё!

Аз Душанбе нафасе берун шав,
Бо Сафар бар сафари Ашт, биё!

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Шабнам-33-33:

    Хуб бехтарин, вале минбари «Килки сабз» факат барои каламкашони вилояти Сугд бошад, аз дигар минтакахои чумхури низ чой дихед. Минбари худихост?

    • Бахтовар Сафаров:

      муҳтарама Шабнам касе, ки шеъри худро равон мекунад ҳамонро ҷой медиҳем, равон накунанд аз дигар минтақаҳо айби мо нест ин…

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner