Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муаллифи таронаҳои Гугушаро ёфтанд

Исми муаллифи сурудҳои Гулнора, духтари калонии Ислом Каримов, Президенти собиқи Ӯзбекистон, ки бо тахаллуси Гугуша сарояндагӣ ҳам мекард, дар расонаҳо пайдо шуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори оммаи Русия, продюссери маъруф Максим Фадеев барои Гулнора Каримова таронаҳо навишта ва аз ин роҳ маблағи калон дарёфт кардааст.

Ин расонаҳо навиштаанд: “Фадеев зуд-зуд бо Гулнора дидор мекард ва барои ҳар таронаи навиштааш чанд миллион рубл ҳаққ мегирифт”.

Суруди маъруфи Гулнора Каримова бо номи “Небо молчит” (“Сукути осмон”), ки дар соли 2013 эҷод шуда буд, ба қалами Максим Фадеев тааллуқ доштааст.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст

Ваш e-mail не будет опубликован.