• Administrator
  • 01.02.2018
  • 0

Раддабандии донишгоҳҳо

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон тасмим гирифтааст, тамоми донишгоҳҳои ин кишварро раддабандӣ кунад. Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, дар навбати аввал барномаҳои бакалаврӣ, ихтисосӣ ва магистрӣ раддабандӣ мешаванд.

Дар ин раванд истеъдоду малакаи донишҷӯён, омӯзгорон ва пажӯҳишгарон, фаъолияти академӣ ва рақобатпазирии матлабҳои илмии омӯзгорони донишгоҳҳо ба инобат гирифта мешавад.

Дар охир эълом карда мешавад, ки кадом барномаи бакалаврӣ ё магистрӣ бештар рақобатпазир буда, дорои сифати баланд аст.

Дар Қирғизистон ҷамъан 51 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад. Ибтидои соли хониши 2017-2018 шумори донишҷӯён дар ин кишвар беш аз 162 ҳазор нафар номида шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner