Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳри Хиваи Ӯзбекистон пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк-2020 эълом шуд

Унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк -2020 пас аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ба шаҳри Хиваи Ӯзбекистон мегузарад.

Ба огаҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон, ин тасмим 30 ноябр дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои доимии ТУРКСОЙ дар шаҳри Ӯш гирифта шуд. Вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон Азамат Жаманкулов гуфт, тасмим якдилона қабул шудааст.

Дар ҷаласа дабири кулли ТУРКСОЙ Дюсен Касеинов, муовини вазири фарҳанги Озарбойҷон Рафиг Байрамов, муовини вазири фарҳанги Қазоқистон Нуркис Дауешов, муовини вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Туркия Нодир Алпарслан, муовини вазири фарҳанги Туркманистон Гурбанмурад Муродалиев ва ҳам вазири фарҳанги Қибри Шимолӣ Нозим Човушоғлу иштирок доштанд.

Муовини вазири фарҳанги Ӯзбекистон Камол Оқилов дар ҷаласаи мазкур гуфт, шаҳри қадимии Хива яке аз марворидҳои асосии Ӯзбекистони муосир аст ва тақрибан ҳамаи намои таърихии худро ҳифз кардааст. Дар асри XVII он пойтахти хонҳои Хива буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.