• Mardon
  • 08.07.2019
  • 0

Ширкати нахустини Ӯзбекистон дар “Miss Intercontinental”

Барои аввалин бор намояндаи Ӯзбекистон дар озмуни байналмилалии “Miss Intercontinental” ширкат мекунад.

Нигина Фахриддиноваи 20-сола, модел аз Ӯзбекистон дар миёни 100 духтар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба ин озмуни бонуфузи дунё меравад.

Ин духтар дар озмуни зебоӣ дар байни духтарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пирӯз шуда ва унвони Miss Intercontinental Uzbekistan 2019 соҳиб гардид.

Ҳамчунин, дар соли 2018 Нигина Фахриддинова дар озмуни “Топ-модель СНГ – 2018” ширкат карда, ба озмуни ниҳоии Fasion Model 2018 ва Top model friendship роҳ ёфтааст.

Озмуни байналмилалии “Miss Intercontinental” аз соли 1989 ҳамасола баргузор шуда ва ғолиби озмун тоҷи арзишаш 361 ҳазору 466 доллараро ба даст хоҳад овард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner