Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сорбон: Ман зиёӣ нестам!

-Устод, биёед сўњбатамонро аз сухане оѓоз мекунем, ки Шумо 28 сол пеш, замони Салтанати њукумати Шўро, даврае ки  навиштан њаќќи ќалами нуњангуфт дошту нависанда «олигарх» буд, дар як маќолаатон, ки дар маљаллаи “Садои Шарќ” чоп шуда буд, гуфта будед: «Агар навиштан ҳаққи қалам надошт, аз сад нафар узви ИН 2 ё 3 нафар менавишт», аммо баъди Истиқлолият ва аз байн рафтани ҳаққи қалам миқдори узвият ба ИН ба сесаду чорсад расиду ҳама менависанд, ин чӣ тазод аст?

— Нависандаҳое, ки ҳақиқӣ ҳастанд, ҳамон замон ҳам менавиштанд, ҳамин замон ҳам менависанд, лекин онҳо медонанд, ки ҳаққи ночиз мегиранд. Ба ҳамин романи «Барзгар» ман 300 ё 400 сомонӣ гирифтам, сад доллар ҳам не.  Ба 150 сомониаш ба журнал обуна шудам ва ба боқимонда бо ҷӯраҳо як пиёла чой хӯрдем. Ман ҷонфидо ҳастам, нигарони чопи асараму пулаш нестам. Ин нависандаҳое, ки имрӯз шумо мегӯед, ба 500 кас расидаанд, ё пул доранд ё тағо, ё менависононанд.

— Ҳозир нависононидан ҳам ҳаст?

-Бале, ман мушаххас наметавонам бигӯям, лекин менависонанд. Ва онҳое, ки менависанд, барои дигарон худашон мегӯянд. Ба як кас гуфтам, ки фалон асарро хондам, аз рӯйи услуб туро шинохтам. Хандид…

-Биёед якбора ба асарҳоятон рӯй меорем. Дар асарҳоятон як ноумедӣ эҳсос мешавад. Дар «Ҷӯгӣ» Умматқулу модараш, дар «Шинел» — Шайдо, дар «Актёр» — Ромиз, Абузукури «Дашти морон» шахсони аз зиндагӣ дилсарданд ё умуман ба зиндагӣ нигоҳи пессимистона доранд, гарчанде барои баровардан аз варта,  барои ноумед накардани дигарон, барои шинохти худ мубориза мекунанд, боз ҳам бӯйи ноумедӣ ба димоғи хонанда мерасад? Онҳо меҳнат мекунанд, ҷон мекоҳонанд, аммо ниҳояташ ҳеҷ… Ин қаҳрамонҳои шумо сохтаанд ё аз ҳаёт? Шояд худи Шумо ба зиндагӣ нигоҳи пессимистона доред?

-На, ин пессимистона нест. Нигоҳи ман ҳам, мусаллам аст, ки нигоҳи қаҳрамонҳои асарҳоям ҳам умедворона. Чун ноилоҷист ба санг тир задан суде надорад… Дар замони Шӯравӣ, барои бадномкунии нависандагон ҳамин гуна баҳодиҳӣ буд. Руҳафтодагӣ ва тарсу нотавонӣ низ мешавад. Дами табарро бо пахта мегиранд, нафаси одамро бо «қисмату тақдир» мегардонанд. Касро саркӯб кардан гиранд ва оташи чашмашро гиранд, сукут ихтиёр кунад. Мори саркӯфта мор нест, агарчӣ душман аст. Душман айб наёбад, гӯяд: «як думи сагат каҷ». Насри андешаро ба насри пессимистона бадал кардан хуб нест.  . Мунаққиди балегӯйи беандеша ҳеҷ гоҳ ба таги чунин андеша нарасад!

Шайдо, —  ин амаки ман аст, — аз ҷанг баргашт, ки  буҷулаки пояш маҷруҳ. Ҷуз ҷувозкашӣ дигар коре наметавонист бикунад. Танҳо метавонист  гирди ҷувоз аспро чарх бизанонад, ҳатто мавриде буд, ки наметавонист, тири ҷувозро биканад.

Шумо дуруст мегӯед, дар адабиёт аз пашша фил сохтан мумкин ва мӯрчаро фил гардонидан ҳам мумкин. То ҳол адабиётшиносон мегӯянд, ки Лоиқу Сорбон аз ҳеҷ  чиз месозанд. Дар адабиёт ду роҳ ҳаст: нависанда ё балегӯй мешавад ё асари бадеӣ менависад. Мо балегӯйҳоро мебинем, медонем, дар ҳар замон. Аммо ин маънои онро надорад, ки  инсоне, ки бале намегӯяд, зидди ҷараён меравад. Адабиёт сиру асрор дорад ва рисолаташ шинохти инсон аст. Агар ман Шайдоро намешинохтам, ин асарро наменавиштам. Дигар  «Дашти Морон» аз рӯйи бардошти хонанда, адабиётшиносону мунаққидон асари хуб аст, дар он замон асари баланд ҳам буд. Зукур навхона аст, навдомод аст ва аз занаш дил канда наметавонад.  Ӯ як ақида дорад: чаро ҷанге биравад, ки дар он даст надорад?   Ӯ як ҷавонест, ки ақидаи худро дорад. Ӯ касе нест, ки ба Ватан хиёнат карда бошад, фақат ишқи зан ӯро гурезонду ӯ маҷбур ба пинҳонкорӣ гузашт ва оқибат ҷазояшро дид… Ҳоло аз рӯйи ин асар мо сенария навиштем ва шояд рӯйи навор ояд…

Ин нигоҳи чӣ тавре шумо мегӯед, пессимистона нест, ин ҳақиқати зиндагӣ аст, ки нависанда мехоҳад бигӯяд.

 Ин аз чӣ сар мезанад? Аз ватандӯстии нависанда,  аз халқдӯстии нависанда! Бояд ҳар яки мо кулбаи худро тавонем ҳимоя кунем, ҳар як тоҷик тавонад ин корро бикунад. Ин асолати шаҳрвандии ҳар кас аст.   Ман дар тамоми асарҳоям андеша дорам, ки бояд як чиз гӯям, хонандаро ба роҳи  рост гардонам. Бигзор дигарон ҳар чиз бигӯянд. Барои чӣ ман «Достони писари Худо»-ро навиштам?  Мо бояд худамонро бишносем. Бояд донем, ки моро бегонагон накуштаанд. Доро,  Бесус -сатрапи Бохтар ва Спитамонро Искандар накуштааст, иттифоқчиёнашон куштанд, масагетҳо каллаи ӯро оварда, ба Искандар доданд, ҷасади Дороро низ оварда ба ӯ ҳадя карданд, Бесусро ҳамчунин. Назари ман дар ин асар ҳамин гуна аст…

— Солҳои аввали ба адабиёт омадани Шумо, барои чунин як ҳикояатон бо номи «Хокистари ишқ» Ҷалол Икромӣ шуморо «дилмурдагӣ ва бадбинӣ» гуфта, танқид карда буданд…

-Ин танқид барои адабиёт набуд! Ин ҷо ҳадаф аст!  Ин чизро кушодан барои ману Икромӣ хуб нест… ин як масъалаи хонаводагӣ буд. Он кас умед доштанд, ки писари зансардодаашон бо духтари шахси мансабдор оиладор мешавад. Симои ҳикояи «Хокистари ишқ» ҳамон духтар аст, ки  мактубҳои ошиқро дар табақи калон месӯзонад… Икромӣ ҳам аз минбар баромада, барои мазмуну маҳорати ҳикоя неву барои интихоби идея, чунин баҳо доданд. Ва дар охир пушаймон шудаву маро даъват карда гуфтанд, ки ман аз ту умеди калон дорам…

Ман як услуби ба худ хос дорам, ки бисёр касон худро аз асарҳои ман мешиносанд,  ҳол он ки дар он асарҳо ному насаби онҳо нест… Дар романи  «Барзгар» низ касон худро шинохта, ҳатто тайёранд, ки агар ба деҳа баргардам, бо ман муштбагиребон шаванд…

-Қаҳрамонҳои асарҳои шумо, сохтаанд, ё  ҳаётӣ? Мисол дар «Актёр» вақте ки Ромиз руҳан азоб мекашад,  ман худи  Шуморо мебинам…

— Ромиз, ки бо Ҷаҳоноро ишқварзӣ мекунад, ин Маҳмуди Воҳид аст.  Маҳмудҷонро ман бисёр дӯст медоштам. Ҳошим Гадо даъво мекунад, ки ту образи маро офаридӣ…  Дар портфел ҳамеша бо худ гардонидани гантелу кефир ва ҳамеша бо як портфел гаштан воқеан образи Ҳошим Гадоев аст. Он ки руҳан ғам мехӯрад, ман ҳастам, Шумо дуруст дарк кардед. Маҳмудҷон сафари Бағдод дошт. Гуфтам, ки ман чунин як асар навиштаам, бояд хонед. «Баргардам,  мехонам» гуфт, аммо тақдир накард… барнагашт… Ғайр аз қаҳрамонҳои «Достони писари Худо», ки дур ҳастанду намешиносамашон ҳама қаҳрамонҳоямро мешиносам…

-Биёед, каме дар бораи «Ҷӯгӣ» гӯем,  зеро куҷое дар бораи Сорбон гап занем аввал «Ҷӯгӣ»-ро ёд мекунанд.

-Бисёр шудааст, ки бо одамони берун аз Тоҷикистон , шинос шавам, баробари шунидани номам мегӯянд: «Сорбон-ҷӯгӣ».  Ин асар ҳам воқеист. Райҳону Норҷонро  модараш дар хона гузошта, ризқҷӯйӣ меравад ва аз лонаи мушкофта гандуми ғаниматовардаашонро рабудан мехоҳад. То охир модараш хушк шуда, дар «гӯри» ба дастони худкофта афтода мемурад. Ба сағирахона рафтанашон ҳам воқеӣ… ҳамааш зиндагӣ аст. Ман аз зиндагӣ мебардорам, лекин аз чашми ғирбол мегузаронаму ба хонанда пешкаш мекунам.

-«Вақте ки насрамонро дар доираи адабиёти худ муқоиса мекунем, бешубҳа бозёфташ ба назар мерасад, аммо дар муқоисаи адабиёти рус ё адабиёти сермиллати Советӣ барораш ба назар намерасад”  -ин суханҳоро Шумо 28 сол пеш гуфта будед.   Ҳоло адабиёт чӣ ҳол  дорад?

-Имрӯз ҳастанд асарҳое, ки мо метавонем, бо адабиёти имрӯзаи ҷаҳон муқоиса кунем, аммо як чиз ҳаст: мо чизҳои бударо ба ҷаҳон пешкаш карда наметавонем. Мисол, романи «Барзгар»-ро чанд кас пешниҳод кард, ки ба забони русиву англисӣ тарҷума карда, берун барорам, аммо ман як тарҷумони дуруст намеёбам, ки аз уҳдаи ин кор барояд. Баъзеҳо ҳастанд, ки   аз уҳдааш мебароянд, аммо нарх мемонанд осмонӣ. Ба як саҳифааш 10 доллар! Агар даҳ ҳамин гуна асар нависаму чоп кунам муздаш  ҳаққи як тарҷума намешавад. Нависандаи имрӯза менависад, бо ёрдами ягон кас чоп мекунад… ва бо ҳамин ба итмом мерасад. То сарҳади Ӯзбекистон мераваду тамом.

Ман фақат асари худамро дар назар надорам. Роман ва ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, ҳикояҳои Баҳманёр, баъзе асарҳои А. Самадро дар назар дорам, ки сазовори дар хориҷа чоп шудан доранд. Ман чандин бор «Барзгар»-ро барои тарҷума пешниҳод кардам, баъзе вақт надорад, баъзеи дигар имконият…

— Вақте муосир гуфтам, Шумову Кӯҳзоду А. Самадову К. Мирзоеву чанд устодони соҳибмактабро дар назар надорам. Мақсади ман, онҳое, ки дар замони истиқлолият “сар бардоштанд”.   Нафаре ҳаст, ки ба он умед бастан мумкин бошад?

-Бисёр саволи мушкил додед. Аз ҷавонҳо чизе наметавон гуфт, аммо гӯсолаи шуданӣ аз пояш маълум. Ман эҷоди ҷавонҳоро мехонам, баъзеашро як ҷумла, баъзеашро як сархат, аммо ин хел чиз намебинам… як нависандаи ҷавоне, ки аз ҳикояи аввалаш, гӯйи ки “ҳа, ин як чиз дорад” ва аз минбари Съезд як чиз гӯйӣ, нест. Шояд бошад, ман нахондаам.. Як нафар ҳаст, ки дер ба майдони адабиёт омад, ин Юнус Юсуфист, ки ман гуфтам. Дигарон воқеа менависанд ва онҳоро метавон воқеанавис гуфт… ягон чизро мешунаванд, мебинад, менависанд… он асари бадеӣ нест.

-Шумо ишора кардед, ки дар байни ҷавонон ман намебинам, онҳоеро, ки сабку услуби худро дошта бошанд! Бӯйи умед бошад. Баъд дилатон намесӯзад?

-Дилам месӯзад, охир аз дасти ман чӣ меояд, ман ба ҷойи ӯ наметавонам бинависам ва ӯ маро гӯш намекунад. Ягона ҷавоне, ки ба ман муроҷиат мекунаду ман қалам мезанам, ин Баҳманёр Муродист. Ӯ ҳам чанд вақт боз намеояд, намедонам чаро? Ӯ низ зери бори зиндагӣ мондааст…

-Ба адабиёт гароиш накардани ҷавонон шояд дар набудани мактабҳои адабӣ бошад? Мисле, ки Муҳаммадиеву Турсунзода як замон дар  Иттифоқи Нависандагон (ИН) карда буданд?

-Дар ИН шуъбаҳову мушовирон ҳастанд, курсконфиренсияҳои ҷавонон мегузаронанд… аммо сиришти худи ҷавонон чиро мехоҳад? Ҷанги  шаҳрвандӣ як навъ пошхӯрии адабиётро ба вуҷуд овард… мо мактабҳои адабӣ надорем, мову Лоиқ ҳам худрӯй будем…

 -Барои чӣ Шумо, Кӯҳзод  Саттор Турсун ва  нависандагони баркамол гурӯҳҳо ташкил намекунеду ҷавононро ҷалб?

-Касе, ки муроҷиат кардааст, асарашро хондаем. Аммо оне ки шуъба кушояму дарс диҳам, имконият надорам, имконият надорам, ки асари худамро чопу тарҷума карда берун барорам… агар ман имконият биёбам, сенария менависаму кино ба навор мегирам, на мисли оне ки имрӯз филм мебардорем…

 

-Шояд набудани танқид сабаб бошад?

-Асари нахуст «Навниҳолони боғи адабиёт»  ном дошт ва аз ғалбер мегузарониданд, боз Главлит мехонд, баъд асар ба чоп роҳ меёфт… ҳозир худашон мебаранду бо пул чоп мекунанд ва ношироне, ки бо пул чоп мекунанд, масъулият надоранд… Шумо бигӯед дар ин ҷо ки бояд назорат кунад? Ҳатто шудаст, ки ман асареро, ки оварданду гуфтанд, ки аз чашм гузаронеду ду ҷумла нависед, хонда гуфтам, ки ин арзиши чоп надорад! Гуфтанд чоп шудааст…

      Дар замони Шӯравӣ касоне буданд,  ба ҳамин кор машғул. Ба ҳамон ҳаққи қалам боз мегардем. Модом, ки мунаққид вақт сарф мекунаду аққалан гонорари сазовор намегирад, беҳ медонад, ки хомӯш бошад.

Боз ҳам ҳастанд, ки ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда менависанд: Худоӣ Шарифзода, А. Сатторзода, ки ба 11 ҷилдаи куллиёти ман сарсухан навиштанд, Кароматуллои Шукруллоҳ, ки пуле аз ин дарёфт намекунанд, аммо аз рӯйи меҳр навиштаанд… аммо мисли пештара не…

-Имрӯз ҷомеа дар як ҳолати нобоб қарор дорад ва ҳамон ҷумлае ки Шумо дар «Барзгар» мегӯед: «мардуми мо гӯсфанд: бо чашми сар бинанд, лекин ақлашон кӯр аст». Ба болои ин, шоирону нависандагон  «даҳдаста ба банди дил зада, аз эҳсосот нафасгир шуда», суду судбозӣ карда, бо қарори суд исбот карданӣ мешаванд, ки онҳо зиёиянд. Вақте зиёӣ мегӯем, нерӯйи пешбарро дар назар дорем, нерӯе ки ба  дарду ғами ҷомеа бетараф нест, аммо чаро адибони мо имрӯз хело бетараф менамоянд?

-Дар замони Шӯравӣ бисёр наздик будем, ба хонанда. Асари ман «Санги сипар» 18000 нусха чоп шуд, як ҳафта дар мағоза наистод, ҳамаашро хариданд… Имрӯз он гуна нест, маънии зиёӣ ин нест, ки кас вазифа дошта бошад, маънии зиёӣ ин нур, Офтоб, ки аз паси ӯ мардум раванд, тарбия гиранд. Масалан, ман имрӯз дар ҷамъияти худамон зиёӣ нестам. Барои чӣ? Барои он ки дирӯз маҷлиси зиёиён шуд ва чанд соли охир ҳам, маро ба вохӯрии зиёиён  намехонанд, намедонам чаро? Зиёӣ кӣ, ман намефаҳмам. Зиёӣ он аст, ки ҳозир сари мансаб аст ва пагоҳ равад, ӯро даъват намекунанд. Имрӯз маънии зиёӣ чӣ шуд, чӣ аст? Ман танҳо худамро дар назар надорам…

-Биёед, каме  дар бораи фазои адабӣ гап занем. Ана ҳамон фазои ИН, ки Шумо замоне, бо Икромиву Улуғзодаву Муҳаммадиеву Қаноату  Кӯҳзоду Самадов кор мекардед, имрӯз он фазо чӣ гуна аст?

-Аз фазои ИН ҳозир ман дур ҳастам, кам меравам. Агар ба ягон маҷлисашон даъват кунанд, меравам, фазо дар ИН агар раису муовинон бошад, бисёр нағз аст. Онҳо тифоқ ҳастанд. Бисёр гапу калочае, ки мешунавам, аз онҳое, ки аз беҳунарии худ наменоланду аз ИН меноланд. Як чизро бигӯям, ки ман то ҳамин рӯз як ифтихорнома надорам; Бори  аввал ба шумо мегӯям. Вақте маро ба Нависандаи халқӣ пешниҳод карданд, аз Ҳукумати ш. Душанбе занг заданд, ки мо ҳуҷҷатҳои шуморо боз медорем,  ҳатто як ифтихорнома надоред. Гуфтам, ки бародар ман ягон ҳуҷҷат пешниҳод накардаам. Аз 70 гузаштам…  Касе ба шумо пешниҳод кардааст, бозгардонед.   Вақте  мукофот эълон шуд, ҳама Халқиву Рӯдакӣ гирифтанду номи ман набаромад. Ба қавле,  Меҳмон (Меҳмон Бахтӣ) назди Президент медарояд. Президент мепурсанд, ки чӣ камбудӣ ҳаст, Меҳмон?  Меҳмон мефаҳмонад, ки Сорбонро пешниҳод кардем, ҷоиза нагирифт. Президент мепурсанд, ки Сорбон Нависандаи халқӣ нест?

Ман дар деҳа будам, Меҳмон занг зад, ки ҳуҷҷат лозим, баъд хона омада, ҳуҷҷатро гирифта, дар рӯйхати иловагӣ ба ман унвони «Нависандаи халқӣ» доданд. Ягон бор назди ягон кас нарафтаам, ки асари маро чоп кун. Агар ба нашрияҳо, папкаи асарамро бурдам, дигарбора, намеравам, барои ҷоизаҳою мукофотҳо ҳам назди ягон кас нарафтаам. Ҳаваси ман асосан бар навиштан, ҳатто барои чоп кардан нест. Бачаҳо одат кардаанд, ки вақте садои ман мебарояд, ки «ум-бака-бак, ум-бака- бум» гуфта худам, мисли чӯҷа, вақти аз даҳони модараш гирифтани хӯрок қанотак мезанад, рақси сӯфиёна мекунам, инҳо мефаҳманд, ки ман асарамро тамом кардам, ҳамин асрори хонаводагии мост. Ман зӯр зада, худамро азоб дода наменависам, агар биёяд менависам, бисёр тез, аммо бо шавқ…

-Адабиёт барои Шумо чист?

— Ҳама чиз! Адабиёт чизи хуб аст, лекин адабиётро хор медоранд. Адабиёт оина аст. Адабиёти мо имрӯз дар ҷойи охир аст, на аввал. Инро бояд гӯем, ки барои  шахсони масъул аҳамияте надорад. Шояд аз он бошад, ки адабиёти мо ба давлат чизе дода наметавонад. Гарчи имрӯз ҷаҳон дар болои пул меистад…

 -Мехостам дар бораи сирри тахаллусатон бигўед. Чаро мањз Сорбон?

-Ин суол барои ман нав нест. Як замон, тақрибан баробари ба осмон рафтани Гагарин, ки ҳама сухан аз кайҳон мегуфтанду ҳама соҳаҳои ҳаёти халқ, аз ҷумла, адабиёт рушд  дошт, мо қалам тез карда будем, барои навиштани асар.  Гумон кардам, ки дар чунин замон бояд заминӣ монам, сорбон бошам.  Ман тахаллус нагирифтам, номамро иваз кардам. Ном доштам Облоқул. Омили дигар ин аст, ки дар он рӯзгор Облоқул ном шахс мезист, инсоне  буд, худашро боло мегирифту паст буд. Аз ин хусус ман аз баҳри  номи хонаводагӣ баромадам. Ибтидо ҳикояҳои хурди лирикиам, ки замони донишҷӯйиам чоп шуда буданд, Облоқул Ҳамроҳзода ном доштам, баъд Сорбон пури Ҳамроҳ ном шудам.

 -Ба ақидаи Шумо Сорбон кӣ аст?

-Сорбон, Сорбон аст, ман ҳастам, нависанда аст. Сорбон касест, ки ба ҳеҷ кас коре надорад, на ба ягон ташкилоту партия,- дар умраш узви ягон партия набуд. Сорбон дунёи худро дорад, он дунё, боғу роғ дорад, иморату хона дорад, фарзанд дорад. Ҳамин дунёе, ки Сорбон дорад хаёлист? Воқеан дар миёни боду ҳаво, ки як чиз гуфта тавонад, лоақал як тарона…

-Барои чи талоши мансабу курсӣ накардед, имкониятҳо ку буданд?

-Ман метавонистам, бисёр корҳоро ба анҷом расонам, пешниҳодҳо буданд. Баъзеҳо бад қабул кунанд ҳам, як чизро бояд гӯям. Шумо мурғро дидаед, агар тухмаш қаба кунад ҷой мекобад. Ман низ барои асар эҷод кардан ҷой мекофтам. Дар хонаи тахтагини кӯчаи Орҷоникидзе зиндагӣ мекардем, шароити эҷод набуд: гарму мағали кӯчаю боз ҳашт фарзандаму хонаи тангу… Ман аз хонаам сими барқ кашида, ба гӯшаи ҳавлӣ ҷойи кор муҳайё кардам барои худ… шаб хомӯшак пахш мекард, кор карда нашуд. Орзуи дар дараи Варзоб ягон манзил сохтан кардам. Ҳамроҳи Лоиқ хело кофтему наёфтем, баъд аз Харангон як замин пайдо шуд. Аз «Зарафшон» сар карда, боқимондаи асарҳоямро дар ҳамон боғча ба қавле бӯстонсаро навиштам. Дар воқеъ ман аз «Ҷӯгӣ» сар карда, дар мошинка менависам, ҳоло  ба компютер гузаштам, ки корамро хело осон кард, сиёҳ кардану таҳрир кардану… Дар нашрияҳо муҳаррири хонагӣ шудаву дар ҳамон ҳавлӣ кор мекардам… намедонам, тамоми вуҷудам барои адабиёт буд. Талоши ягон чиз накардаам. Бовар мекунед, рӯйи курортро надидаам, як маротиба ҳамроҳи Лоиқ «Коктебел», ки ҷо барои нависандаҳо буд, рафтам, ки пушаймон шудам. Сафарро бад мебинам…

-Имрӯз чӣ рӯзгор доред?

-Рӯзгорам шоҳона. 8 фарзанд дорам, бо набераҳою абераҳо қариб 50 нафаранд. Фарзандон ҷо ба ҷо, кор мекунанд. Намегузоранд, ки ману модарашон азоб кашем, чизе мебинед, аз они бачаҳо. Ман 447 сомонӣ нафақа мегирам, ба барқ намерасад, бовар мекунед, моҳи гузашта ман 447 сомонӣ гирифта бошам, қариб 800 сомонӣ барқ кор кардааст. Намедонам мо чи кор кардем, ки дар як моҳ аз 22 декабр то ин моҳ 800 сомонӣ кор кардааст. Бинед нафақаи ман чанд пулу пули барқ чанд? Ин аҳамият надорад. Тиллову зиндагии ман ин фарзандонам. Фарзандони ҷисмонӣ ва руҳонии ман. Ман зиёӣ ҳам нестаму ба маҷлиси зиёиҳо ҳам даъват намешавам. Аз ин шарафи бузург дигар ҳаст?

ӯстии шумо бо устод Лоиқ Шералиро баъзеҳо монанди дӯстиҳои устод С. Айнӣ бо А. Лоҳутӣ медонанд. Кадом сабабҳое буданд, то як шоир ва як нависанда бо ҳам ин қадар наздик бошанд. Маҳал?

-Не  мо аз 14 солагӣ як ҷо, дар омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент хондем. Ману Лоиқу А. Сатторзода. Аз ҳамон давр ба қавли Лоиқ «ҷӯраҳои ҷамолакӣ», зеро завқи ҳамаамон як буд. Ин ҷо ҳам омадему худамонро ба адабиёт задем. Мағоза ба мағоза китоб мекофтем… Бо мо Дорои Дӯст низ буд, ки аз дигар маҳал аст… Серияи «Ҳаёти одамони наҷиб», «Мастера современних проз» ва дигаронро баҳс ба баҳс мехондем… ҳар чизе менавиштем, фикри ҳамдигарро медидем, аз рӯзи нахуст мо адабиётро адабиёт медидем…

 -Бо кӣ шину хезу бо ки робита доред?

-Мо як маҳфил дорем қадима, бо Абдунабиву Кӯҳзоду Дорои Дӯсту… даврагардиро давом медиҳем. Ва аз бурду бохтҳоямон гап мезанем. Аслан кам берун мебароям. Ба ғайри ин дӯстоне дорам, аз байни нависандаҳо. Ҳозир дӯсте, ки якдигарро мефаҳмем, Юнус Юсуфӣ аст, ки бо ҳам баъзан- баъзан вохӯрда суҳбат мекунем, аз ҳамсояҳо ҳама рафтанд…  Ман мондаму устод Қаноат, ки бо ҳам ҳамроҳ, бародар. Баъзан ба маҷлису машваратҳои ИН меравем…

-Устод, саломату бардам бошед…

Мусоҳиб: Одили Нозир

Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Мухлис 09.07.2016 22:14

    Ростй,таърифи дуругро бад мебинам. Аммо хакконист,ки бигуям мусохибаи хубест,аз он сабаб,ки мусохиб Одили Нозир бисёр суолхои дакик ва окилона додааст. То мусохиб окил набошаду мисли Одили Нозир аз бисёр асархои мусохиби худ огох набошад,наметавонад чизи тоза ва созандае биофарад. Ташаккур барои сухбат ва минбаъд хохиш мекунам,хамингуна нависед,Ба пеш!!!

  2. Як хонанда)))) 13.10.2017 13:12

    Ха дуруст аст ин суханхо! Имруз маро якчиз хеле гирифт, бале агар адабиёт ба давлат даромад меовард, хама суи адабиёт рафта буданд. Мутаассифона, халки ман имрузхо ру ба пул ниходаанд, чи будани кадру киммати «Адабиёт»-ро намедонанд. Барои хамин хам хама бесавод шудаем, маънии зиндагиамонро намедонем!!!!!!

  3. Хоксор 30.10.2017 16:10

    Рахмати калон!!! Хеле оли ҷаноб навистаед. Ман аз мусоҳибаи Шумо хеле ва хеле бахуд чиз гирифтам . Офарин !!!

Ваш e-mail не будет опубликован.