Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Умеди Ҷайҳонӣ: Забони мо тоҷикӣ не, рӯзбакист! (Видео)

Имрӯз ҳам дар Хоруғ мардум бо забони шуғнӣ сухан мекунанд, вале дар идораҳо бо забони расмӣ – форсӣ ҳарф мезананд. 1100 соли пеш дар давлати Сомониён низ чунин будааст, аҳли дарбор бо форсӣ суҳбат мекарданд, мардум бо суғдӣ.

Магар бо истилоҳоти уштурговпалангона мешавад забон сохт?

Оё забони мо тоҷикӣ ном дорад? Форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забонанд? Зарурати гузаштан ба хатти форсӣ пеш омадааст? Тоҷикон ва эрониён як миллат ҳастанд? Ин нукоти баҳсҳои шадиде ҳастанд, ки чандест дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Барои посух ба ин суолҳо суҳбате доштем бо донишманд Умеди Ҷайҳонӣ, ки дар арафаи Рӯзи забон фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Тоҷикӣ ва форсӣ як забонанд?

-Умед, дар заминаи кашмакашиҳои феълӣ суҳбатамонро аз масъалаи доғи ин баҳсҳо оғоз мекунам. Оё форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забон ҳастанд?

-Бале, инҳо як забон ҳастанд.

-Пас ин ҳама иддао дар мавриди ҷудо будани тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ баҳри чист?

-Ин баҳсҳо бепоя ҳастанд. Чун аз нигоҳи илмӣ забони форсӣ як забон аст, ки гӯйишҳои мухталиф дорад. Асли он чӣ ки мо имрӯз забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ мегӯем, аз назари таърихӣ, сарфу наҳв ва вожагон як забон аст, ки форсӣ ном дорад. Ин, ки дар гуфтор бархе ин гуна мегӯянду баъзе он гуна ин ҳеҷ аҳамият надорад, ин баҳсҳои гӯйишшиносӣ ҳастанд ва достонашон комилан дигар аст. Барои таҳқиқи ин бояд гӯйишшиносон аз гӯшаву канори ин сарзамин ба ҳам оянд ва онро баррасӣ кунанд. Вале мутаассифона, баҳси забон дар Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст. То ҷое ман медонам, дар асоси барномаи миллатсозӣ, ки дар кишвар рӯйи даст гирифтаанд, мехоҳанд бар асоси ҳамин забони тоҷикӣ миллати тоҷике ҳам падид оваранд.

-Яъне, шумо иддао доред, ки миллати тоҷик вуҷуд надорад?

-Дар замони муосир миллатсозӣ раванде мебошад, ки аз умуми шаҳрвандони як кишвар сарфи назар аз табору нажод ва забонашон як ҷомеаи шаҳрвандӣ месозанд. Дар улуми сиёсии муосир миллат гуфта, маҷмӯи шаҳрвандони як кишварро меноманд. Масалан, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон як миллат ҳастанд — миллати Тоҷикистон. Ин аст, мавзӯи миллатсозӣ дар Тоҷикистон. Имрӯз тоҷикони Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳрвандони се кишвари мухталиф ҳастанд, ки миллатҳои ин мамоликро ташкил мекунанд. Нажод дигар аҳамият надорад.

-Суоли ман ба решаи таърихии тоҷикон дахл дорад. Оё ба ақидаи шумо миллате бо номи тоҷик ҳаст?

-Бале ва ҳамеша будааст. Аз 1100 соли пеш мардуме бо номи тоҷик ҳастанд, ки забонашон форсӣ аст.

Тоҷик аз куҷо пайдо шуд?

-Оё тоҷикон ва эрониён як миллат ҳастанд?

-Не, имрӯз эронӣ шаҳрванди Эрон аст, тоҷик шаҳрванди Тоҷикистон.

-Дар моварои таърих як миллат буданд?

-Таърихро бигузоред канор. Таърих гузашту рафт. Аммо, агар боз ҳам ба гузашта назар кунем, дар замоне ки мо дар як кишвари воҳид зиндагӣ мекардем, эронӣ ва тоҷик як миллат буданд, бархе инҳоро тоҷик, бархе эронӣ ва бархе аҷамӣ ном мебурданд. Вале ҳамеша забонашон форсӣ буд. Ин ҷойи баҳс ва шубҳа надорад. Тамоми ашъор ва осори бузургони пешини моро, агар баррасӣ кунед, номи забони худро форсӣ гуфтаанд.  Агар кадоме ҳам дарӣ  гуфта бошад, порсиро дар назар дорад. Вале имрӯз фаҳмиши миллат дигар аст. Чуноне гуфтам, бархе аз халқҳои Афғонистон ва Ӯзбекистону кишварҳои дигар тоҷик ҳастанд, аммо агар имрӯз тоҷик гӯйӣ, дар ҷаҳон бештар Тоҷикистонро медонанд.

-Ин ақидаи шумо тоҷикони ҷаҳонро пароканда мекунад ва моро аз  лиҳози нажодиву хешутаборӣ аз ҳам дур месозад…

-Ба ҳеҷ ваҷҳ. Феълан, ҳар кишваре барои худ қонуни асосӣ дорад. Маҷмӯи қавмҳои Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишвар аст. Миллат ҳам имрӯз аз нигоҳи улуми сиёсӣ мафҳуми сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар забоншиносӣ имрӯз миллат муҳим нест, нажод низ. Масалан, мо дар Афғонистон миллати ҳазора дорем, муғулнажод ҳастанд, вале забонашон форсӣ аст ва барои забони мо кам хизмат накардаанд. Ҳамин тавр, сарзамини забони форсӣ хеле бузург аст.

-Забони форсӣ — тоҷикӣ аз куҷо пайдо шуд? Аз Эрон ё Хуросон?

-Хуросон бахше аз Эрони бузург аст. Хуросоне бидуни Эрон вуҷуд надошт. Мисле, ки имрӯз Суғд бахши Тоҷикистон аст, Хуросон низ ҷузъи Эрон буд.

-Аммо дар замони Саъдӣ ва Ҳофиз забони Шероз форсӣ набуд. Ин далели он нест, ки забони форсӣ аз сарзамини мо пайдо шудааст?

-Имрӯз ҳам дар Хоруғ мардум бо забони шуғнӣ сухан мекунанд, вале дар идораҳо бо забони расмӣ – форсӣ ҳарф мезананд. 1100 соли пеш дар давлати Сомониён низ чунин будааст, аҳли дарбор бо форсӣ суҳбат мекарданд, мардум бо суғдӣ.

-Бархе аз муҳаққиқон бар он назаранд, ки забони тоҷикӣ дар заминаи забони суғдӣ ва шуғнӣ, форсии Эрон бошад дар заминаи паҳлавӣ пайдо шудааст. Шумо чӣ назар доред?

-Ин ҳарфҳо беасос аст. Оё шумо забони шуғниро мефаҳмед? Дар замони Сомониён мардум суғдӣ ҳарф мезаданд ва ягона гӯйиши он дар Яғноб мондааст, оё шумо онро мефаҳмед? Албатта, не.  Забони форсӣ аз суғдӣ ва шуғнӣ комилан фарқ дорад, сохтор ва сарфу наҳваш дигар аст, бинобар ин, имконнопазир аст, ки аз инҳо забони форсӣ пайдо шавад. Забоне, ки мо имрӯз тоҷикӣ мегӯем ва то соли 1920 ва қабл аз он форсӣ ном дошт, се марҳиларо пушти сар кардааст:

Якум, забони порсии бостон. Ин забонест, ки дар деворнавишт ва сангнавиштаҳои Ҳахоманишиён боқӣ мондааст, забони бисёр қадим аст ва 2700 -3000 сол таърих дорад, вале бо аз байн рафтани ин сулола забон низ боқӣ намондааст.

Дуюм, форсии миёна. Дар замони подшоҳони Сосонӣ аз соли 224 то 651-и мелодӣ мо навиштаҳое ба забони форсии миёна дорем, ки худи нависандагонаш порсиг ва як гунаи навиштории онро дариг меномиданд, чун он чанд гунаи навишт доштааст.

Сеюм, форси нав ё форсии дарӣ.Марҳилаи сеюми забонро форсӣ-дарӣ мегӯянд. Чаро? Чунки пеш аз густариши ислом дар Эрон ва Тӯрон забони навишторӣ дариг ном доштааст.

-Шояд тоҷик ҳам дар заминаи дариг ва порсиг пайдо шудааст?

-Комилан дуруст аст. Аммо он чизе, ки феълан «тоҷик» мегӯянд, дар гузашта «тожик» будааст. Тоҷик гунаи суғдии истилоҳи паҳлавӣ аст.  Баъд аз он ки дини ислом аз нимҷазираи Арабистон берун баромад ва бо роҳи ҷанг дар Эрон густариш пайдо кард,  эрониёнеро, ки пеш аз ҳамлаи араб ва гурӯҳе, ки баъди ҳамла мусулмон шуданд, зардуштиёни Эрон тозик гуфтанд, яъне инҳо араб шудаанд. Зеро наздиктарин қабилаи арабҳо ба эрониён қабилаи бани Тай будааст, ки онҳоро дар замони Ашкониён ва Сосониён «тожик» мегуфтанд. Вақте лашкари ислом, ки бештараш эрониёни мусулмоншуда буданд, соли 719-721 Бухороро гирифтанд, суғдиҳо низ лашкари исломро «тожик» гуфтанд. Дар номаҳои Деваштич охирин подшоҳи суғд омадааст, ки тожикҳо ба мо ҳамла карданд. Баъди сад соли ин ҳаводис «тожик» маънои арабро аз даст медиҳад ва маънои «эронии мусулмон»-ро мегирад. Баъди форсизабон шудани Суғду Балх тоҷик исми миллатро гирифт, яъне мо.

-Сарзамини зиндагии тоҷикон куҷост?

-Он чӣ ки имрӯз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Афғонистон, Туркманистон ва Эрон аст, сарзамини тоҷикон аст. Тоҷик ҳамон Эрони бузург аст. Аз рӯзе, ки нахустин гурӯҳҳои эронӣ, балхӣ ё бухороӣ мусулмон шудаанд, тоҷик ном гирифтанд.

Уштурговпалангона

-Мо имрӯз ба баҳсҳои беҳудаи мушаххас кардани номи забонамон машғулем, ҳол он ки худи забони мо хеле ва хеле мушкил дорад. 

-Бале забоне, ки имрӯз дар Тоҷикистон аст, гунае аз забони форсӣ аст, ки барои ин хати ҷудо аз хати аслӣ ва дастури ҷудо аз дастури таърихӣ сохтанд ва он ном гирифт тоҷикӣ. Ва забони тоҷикӣ имрӯз расман вуҷуд дорад. Аммо бояд дид, ки забони имрӯзаи тоҷикӣ забони раво,  зоё, шево ва дурусту росте аст ё не? Ҳангоме ки мо ин забонро баррасӣ мекунем, ҳамон истилоҳоти уштурговпалангона ин забони тоҷикии моро аз форсӣ ба рӯзбакӣ мекашонад. Агар мо инро поксозӣ кунем дубора мешавад форсӣ. Мо бояд  забонамонро аз вожаҳои бегона, аз осебҳое, ки забонҳои бегона задаанд, поксозӣ кунем, то ки дастур, вожасозӣ ва истилоҳсозиаш дуруст бошад ва ба асли худ баргардад. Асли худ яъне, чӣ? Пеш аз ҳама корбурди забон дар кишвари мо бояд саросарӣ шавад. Зимни сохтани истилоҳот бояд ба асли забон такя кард, набояд забони маснӯӣ сохт.

-Мисли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри фалон…

-Бале. Ин яке аз ҳамон истилоҳоти уштурговпалангона аст. Яке аз дардҳо ва осебҳое, ки забони имрӯзаи мо дорад, пургӯйӣ, дарознависӣ ва бемаънинависист. Ин субҳ дар зерсатри телевизион менависад: «Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан». Яъне, чӣ? Ташна касеро мегӯянд, ки ниёз ба нӯшидани об дорад. Агар ташнагишикан мегуфтанд, мегуфтем тоҷикӣ аст. Аммо ташнашикан чист? Яъне, обро мегиранду дар сари ташна мезананд, вай мешиканад. Ин гуна истилоҳоти ғалат лак-лак аст,  бавижа дар хабарҳои расмӣ. Бисёри сомонаҳои вазорату идораҳо забони ғалат доранд, бадтаринашон вазорати корҳои дохилӣ, баъд аз он  вазорати иқтисол ва бозаргонӣ…

-Вазорати рушди иқтисод ва савдо?

-Номашро бинед ки чӣ гуна аст? Мисли ин номи бисёре аз вазоратҳо ғалат ҳастанд. Тарҷумаи нодурусти русӣ мебошанд. «По»-и русиро овардан «оид ба» тарҷума кардаанд, ки ғалат аст.

Харбон беҳ ё сарҳанг?

-Чанде пеш шумо намунаи рутбаҳои низомиро ҳам ба тоҷикӣ тарҷума карда тавсия намудед. Сарнавишти он чӣ шуд?

-Айни замон дар ҳоли баррасӣ аст. Барои пазириш ва тавсиби чунин вожаҳо бояд низомиёни Тоҷикистон шури миллӣ дошта бошанд. Касоне, ки савганд хӯрдаанд, ки барои ҳимояи марзу буми мо ҷон фидо мекунанд, бояд забонамонро низ ҳифз кунанд. Чӣ гуна мешавад, ки касоне, ки забони маро ҳимоя намекунад барои ман ҷонашро медиҳад? Дараҷаҳои низомии пешниҳодкардаи ман Шӯрои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ рафтанд. Акнун бибинем оё ин ду ниҳод аз миллату кишвар дифоъ мекунанд ё аз дараҷаҳои русии худ. Бояд гӯям, ки дараҷаҳои низомии русӣ ба тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, балки баробарёбӣ ва баробарсозӣ шудаанд. Чунончи, «артишсолор» тарҷумаи «генерал армии» нест, балки баробари форсии он аст. Онро аз рӯи «сипаҳсолор» ва бо роҳи кӯтоҳ кардани истилоҳи «артишторон солор» сохтаам, ки дар замони Сосониён баландпоятарин симати низомӣ буд.

Ҳамчунин «сарҳанг» тарҷумаи «полковник» нест, балки баробари форсии он аст, ки аз «Шоҳнома» гирифта шудааст. Агар масалан «лейтенант» тарҷума шавад, маънояш «ҷонишин» асту бас. Вале барояш «таҳмдор»-ро аз сипоҳи Ашкониён баробар гирифтем. Ҳеҷ кадоме аз рутбаҳои ҳарбии русӣ ба тоҷикӣ тарҷума нашудаанд. Балки дараҷаҳои низомии миллӣ зинда карда ва бо созмояҳои дарунии забони миллӣ дараҷаҳои нав сохта шудаанд. Агар Шӯрои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ ин дараҷаҳои пешниҳодиро напазиранд, ниҳоди миллӣ ва посдори кишвари тоҷикон буданашон зери суол меравад. Бубинед, болотарин дараҷаи низомии русӣ маршал аст, агар тарҷума кунем, мешавад «харбон» ё лейтенант маънояш ҷойнишин, сержант маънояш ғулом, капитан саробон, майоёр – калонтар, меҳтар. Куҷои ин зебост. Куҷои ин байналмиллӣ аст? Инҳо дар кишварҳои урупоӣ истифода мешаванд. Мо магар урупоӣ ҳастем? Мо кишвари тоҷикӣ ва форсизабон ҳастем. Мо «Шоҳнома» дорем. Шармовар аст, ки рутбаҳои мо харбону ғулом бошад.  

Хатти Рӯдакӣ чӣ гуна буд?

-Яке аз сабабҳои аз асли хеш дур шудани забони мо ва ба гуфти шумо рӯзбакӣ шудани он шояд расмулхат бошад? 

-Ин ҳам яке аз далоил метавонад бошад, зеро ҳар забон барои худ чеҳра дорад. Аз рӯзе, ки забони тоҷикӣ дар дарбори Сомониён забони девону дафтар шуд, бо хати форсӣ навишта мешуд. Устоди худобиёмурз Ричард Фрай мегӯяд, ки чор ҳарфи алифбои форсӣ «Г», «Ч», «П» ва «Ж»-ро тоҷикҳо дар ин алифбо ворид кардаанд. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳарфҳоро худи устод Рӯдакӣ изофа кардааст. Он хати куфие, ки алифбои арабӣ номида мешуд, нукта надошт ва ин нуктаро форсизабонҳо гузоштанд ва ин хатро барои навиштани забонашон интихоб карданд. Як рӯз дар Русия, дар метро китоб мехондам. Як нафар ба ман нигариста гуфт: «Ин китоб ба забони арабист?» Гуфтам, ки ин ба забони тоҷикист? Гуфт: «Магар тоҷикҳо хат доштанд?» Ман посух додам: «Вақте тоҷикҳо хат доштанд, русҳо дар ҷангал чағора ҷамъоварӣ мекарданд». Бинобар ин, ба андешаи ман симои асосии забони форсӣ хати форсӣ аст.  

-Оё зарурат ҳаст, ки ба ин хат баргардем?

-Бале, аммо гузариш ба хати форсӣ, ки хати миллии мо аст, бояд равишмандона ва дарозмуддат бошад. Ин кори якшаба нест ва мо набояд таҷрибаи солҳои пешро такрор кунем.  Хати имрӯзаи  тоҷикӣ бисёр хати хубе аст, ягон камбуд надорад, овонигор аст, аммо моро аз ҳамзабонамон ҷудо кардааст. Муғулҳо ҳамин хатро доранд. Мо бо муғулҳо чӣ иртибот дорем. Чаро мо бо русҳо пайравӣ кунем? Байни мо ва Русия, Қазоқистону Қирғизистону Ӯзбекистон аст, ки хаташон лотинӣ аст. Яъне мо як кишвари якдаст мондаем, ки дар худ гирифторем.

Ман аз баҳсҳои бепояи феълӣ огоҳам. Баҳси забон, баҳси хат, баҳси миллат баҳси донишгоҳӣ, баҳси илмӣ аст. На фейсбукӣ ё рӯзномаӣ. Имрӯз муттаассифона ҳар каси огоҳу ноогоҳ  ба ин баҳсҳо ҳамроҳ аст. Ин баҳси забоншиносон аст ва на аз мо ва на аз шумо.

-Шумо ҳам аслан забоншинос нестед, вале чун донандаи забон ном баровардед. Сабаби алоқаатон ба забон чист?

-Соле ки Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи Ломоносови Маскавро хатм кардам, бекор мондам. Чун аз замони донишҷӯйӣ тарҷума мекардам, ниёз пеш омад, ки зиндагиамро ба воситаи тарҷумонӣ пеш барам. Баъди ним сол яке аз хабаргузориҳо маро ба ҳайси тарҷумон даъват кард ва ман маҷбур шудам, ки забономӯзӣ кунам. Ин ба ман имкон дод, ки ҳам забони русӣ ва ҳам форсиро беҳтар омӯзам.

Қаблан мегуфтанд, ки забони эрониҳо арабизада ва забони мо шево аст, аммо вақте меомӯзӣ, мебинӣ, ки забони мо чанд баробар арабизадатар аст. Калимае, ки эрониҳо шаҳрдорӣ мегӯянд, мо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мегӯем, 7 калима уштурқатор мекунем, ки забони тоҷикӣ нест. Имрӯз баҳс аст, ки мехоҳанд «милиция»-и Тоҷикистонро «полиция» кунанд, ҳамин «ц» забони моро мешиканад. Бинобар ин, ҳеҷ ниёзе нест, ки барои навиштани ҳамин овози русӣ мо забонамонро шиканем.  Мо бояд вомвожаро дар осиёби худ орд кунем, вомвожа бояд тобеи қонуни забони мо бошад, на забон тобеи вомвожа. Бинобар ин, мо бояд «милиция»-ро «пулис» гӯем, чуноне ки Аҳмади Дониш гуфтааст ё  «шаҳрбон»-ро истифода барем.

Мусоҳиб

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Раштӣ 06.10.2019 20:19

    Беҳтарин таҳлили забони форсиамон!

    Меҳанпарасти аз забонпарасти оғоз мегардад!

    Чаҳони сипос!

Ваш e-mail не будет опубликован.