• Mardon
  • 28.06.2019
  • 1

Юлдуз Усмонова: Гулнораи дуздро ситоиш накунед!

Юлдуз Усмонова, ситораи санъати Ӯзбекистон аз бархе аз ҳамкасбони худ, ки барои ҳарчи зудтар ба озодӣ баромадани Гулнора Каримова дасти дуо бардошта ва ӯро мадҳу ситоиш кардаанд, интиқод намудааст.

Ӯ дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пахш шуд, Гулнора Каримова, духтари калони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистонро “дузд” хондааст.

“Чаро бояд дуздро ситоиш кард? Ин гуна ҳарфҳои бемантиқ ва ҳарзаро бас кунед! Шумо эҷод кардан, микрофонро дуруст доштан ва суруд хонданро омӯзед! Гулнора Каримова 1 миллиард сӯм не, 1 миллиард доллари пули мардумро дуздидааст. Аввал фаҳмида баъд ситоиш кунед, илтимос!”-навиштааст Юлдуз Усмонова.

Рӯзҳои 24-25 июн бархе аз чеҳаҳои саршиноси шоу-бизнеси Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет барои ба зудӣ аз зиндон озод шудани Гулнора Каримова дуо карда ва ӯро ситоиш карда буданд.

Имон, духтари Гулнора Каримова дар посух ба ин ҳарфҳои Юлдуз Усмонова дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки дар замони ҳукумати бобояш-Ислом Каримов ин сароянда дар ситоиши Гулнора Каримова сурудеро бо номи “Гулисан” (“Ту Гулӣ”) эҷод карда ва дар соли 2013 дар барномаи корсертиаш дар шаҳри Дубай иҷро карда буд.

Он замон фаъолияти Юлдуз Усмонова  мисли ҳунарпешаҳои маъруфе чун Шералӣ Ҷӯраев ва Обид Асомов дар ҳудуди Ӯзбекистон мамнӯъ буда, бо ин суруди тамаллуқкорона ӯ мехост маҳдудият рафъ шавад.

Пас аз иҷрои суруди “Гулисан” журналистон Юлдузро ба тамаллуқкорӣ муттаҳам карда буданд, аммо ӯ аз Гулнора ҳимоят карда “Шумо чи коред, ки ин пулҳо аз куҷо омадааст? Вай малика аст! Ангура хуру боғашро напурс” гуфта буд.

Феълан Гулнора Каримова дар зиндони Зангиотаи вилояти Тошканд муддати ҷазоро сипарӣ мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Журналист:

    Як хохиш аз редактори хамин сайт аввал маводро нагз хонда бад дар сомонаатон чой дихед!!!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner