Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зодрӯзи Шарофат Рашидова – асосгузори театри рақси тоҷик

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шарофат Рашидова, асосгузори театри рақсии “Падида” имрӯз санни 70-ро пур кард.  Номбурда  аз зумраи ҳунармандонест, ки умри худро сарфи рақс кард, аммо ҳамеша пушти парда қарор дорад.

Шарофат Рашидова  соли 1948 таваллуд шудааст. Ӯ ҳамсари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, модари  суратгири маъруф Нисор ва модаркалони пианинонавози навраси ҷаҳонӣ Самир Абдураззоқов мебошад.

Номбурда пас аз соҳибистиқлолии кишвар бо ҳамсараш Ҳабибулло Абдураззоқов Театри “Падида”-ро асос гузошт, ки то ба имрӯз даҳҳо спектакли рақсӣ ва барномаҳои ҳунарӣ таҳия карда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карааст. “Падида”-ро  коршиносон эҳёкунандаи анъанаҳои рақси миллии тоҷик унвон мекунанд.

Театршинос Муҳаммадулоҳ Табарӣ, Академики академияи театрӣ дар суҳбат бо www.pressa.tj Шарофат Рашидоваро Пина Бауши тоҷик унвон кард. Пина Бауш – раққоса ва хореографи олмонӣ буда асосгузори театри рақс дар кишвараш аст.

“Шарофат Рашидова кореро дар театри тоҷик кард, ки Пина Бауш Саша Валтс ва Мари  Андервуд дар Аврупо карданд. Инҳо театри рақсро ба вуҷуд оварданд. Рашидова собит кард, ки ба воситаи хореография нозуктарин эҳсосоти инсонро инъикос кардан имкон дорад. Ман спекатклҳои рақсии таҳиякардаи ӯро ба ёд оварда инқилоби санъати тоҷик унвон мекунам. Афсӯс мехӯрам, ки корҳои Шарофат рашидова сазовор қадр нашуданд, зеро мо ҳоло ба сатҳи ӯ нарасидаем”- мегӯяд Муҳаммадуллоҳ Табарӣ.

“Падида” феълан дар озмуни ҷаҳонии  “Central Asia’s Got Talent 2019” ҳунарнамоӣ дорад ва ба даври финалӣ роҳ ёфтааст.

Шарофат Рашидова ҳангоми тамрини рақси ҷадид бо Театри «Падида»

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.