• Administrator
  • 23.05.2019
  • 0

«Қонун»-и симкортҳо дигар шуд, вале муҳлат бетағйир монд

Эълони он ки мардум барои иваз кардани шиносномаҳои худ танҳо 3 моҳ вақт доранд ва агар дер кунанд, аз симкорти телефонашон маҳрум мешаванд, дар Маҷлиси намояндагон баҳсеро бапо кард.

Дар нишасти Маҷлиси Намояндагон рӯзи 22-юми май Икром Умарзода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, муҳлати табдили шиносномаҳо бетағйир мемонад.

Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, фурсати танг, мумкин аст, ҳарҷу марҷ ба миён орад. Вай тақозо кард, барои пеш наомадани бебандуборӣ дар рӯзҳои охири табдили шиносномаҳо, дар байни мардум тарғибот бурда, онҳоро ба саривақт иваз кардани шиносномаҳо ташвиқ кунанд.

Масъала он аст, ки симкортҳо танҳо бо шиносномаи нав сабт карда мешаванд. Онҳое, ки то моҳи август шиносномаҳои қадимии соли 1996-ро ба корти пластикии ҳувият иваз намекунанд, амалан аз имкони истифодаи телефони худ маҳрум мегарданд.

Гузашта аз ин, ба каси дигар додани симкорт низ бино ба тағйироте, ки Маҷлиси Намояндагон тасвиб кард, манъ мегардад. Яъне, тамоми ҳаракат ба он самт аст, ки шаҳрвандон дар муҳлати боқимонда шиносномаи нав гиранд ва онро бо симкорти худ пайванд кунанд.

Азбаски то ҳол 3 миллион нафар ва ё аз се як ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон шиносномаҳои қадимиашонро иваз накардаанд, бархе вакилон пешниҳод карданд, ки муҳлати иваз кардани шиносномаҳо дароз шавад.

Ҷаббор Аҳмедов, вакили мардумӣ аз намояндагони Вазорати умури дохилӣ пурсид, чӣ қадар мардум то ҳол симкортҳояшонро иваз кардаанд ва оё дар муҳлати муайяншуда ба бақияи онҳое, ки шиносномаи нав нагирифтаанд, ин санад дода мешавад?

Икром Умарзода дар посух ба ин суол гуфт: «То имрӯз 6 миллиону 471 ҳазор симкорти фаъол дорем, беш аз 2 миллион нафар гирифтаанд. Се миллиони дигар мондаанд, ки метавонанд, паспорти нав ва сипас симкорти нав бигиранд.”

Аммо зоҳиран Вазорати умури дохилӣ то моҳи август имкони тағйири шиносномаҳои зиёдро надорад, чун ба гуфтаи муовини вазири умури дохилӣ: «вазорат имконият дорад, дар як моҳ то 50 ҳазор шиносномаро иваз кунад.»

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2014 ба ҷойи шиносномаҳои маъмулӣ корти пластикӣ ба роҳ андохт. Баҳори имсол бар асоси муқаррароти нав аз мардум хостанд, симкортҳояшонро дубора сабти ном кунанд ва гуфтанд, ки симкортҳоро фақат бар асоси корти нав сабт мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner