Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ба шаҳрванди Тоҷикистон 20 соли зиндон таҳдид мекунад

Прокуратураи шаҳри Волгогради Русия корҳои тафтишотиро нисбати шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар асТ. Ба поён расонда ва барои баррасӣ ба суд фиристодааст.

Прокуратураи шаҳри Волгогради Русия корҳои тафтишотиро нисбати шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар аст, ба поён расонда  ва барои баррасӣ ба суд фиристодааст.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Русия барои қочоқи маводи мухаддири ҳероин ба миқдори  калон 20 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.

Дафтари матбуоти Прокуратураи шаҳри Волгоград хабар додааст, дар моҳи сентябри соли 2018 ин марди 30-солаи зодаи Тоҷикистон бо як шарикаш ҳероинро ба халтачаҳои махсус ҷой карда ва қасд доштанд аз тариқи Интернет ба фурӯш расонанд.

Ба ҳангоми кофтуков пулис дар манзили зисти ин мард 150 халтачаро пайдо кардааст, ки дар онҳо дар маҷмӯъ 369 грамм ҳероин мавҷуд буд.

Моҳи гузашта  низ ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Зеленогради Маскав бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир 13,5 сол зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти додситонии шаҳри Маскав, Файзалӣ Маллаеви 24-сола ва Субҳон Олимови 34 -сола ҳангоми фурӯши 2 килограмм маводи мухаддир навъи ҳероин даст шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Зеленогради Маскав ин ду нафарро бо иттиҳоми “савдои маводи мухаддир ба миқдори калон”ба муддати 13 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш сахт кард.

 Тибқи маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки феълан дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештарашон барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин мамлакат боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.