Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳабси якумрӣ барои раҳбари пешини Шинҷон

Додгоҳе дар Чин мансабдори пешини баландпояи уйғур Нур Бекриро бо ҷурми порагирӣ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Расонаҳои давлатии Чин 2 декабр хабар доданд, ки Бекрӣ дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ гуноҳро ба гардан гирифтааст.

Зидди Нур Бекрӣ, ки замоне яке аз мансабдорони баландпояи уйғур дар Чин шумурда мешуд, моҳи сентябри соли равон тафтишот оғоз шуд. Ӯ Раёсати миллии энергетикаро раҳбарӣ карда, то соли гузашта муовини сардори Идораи марказии банақшагирии Чин буд. Солҳои 2008-2014 раҳбари минтақаи худмухтори Чин — Шинҷон буд.

Бекрӣ дар ҳоле зиндонӣ шуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ Пекинро барои сиёсати пешгирифтааш зидди ақалиятҳои уйғур дар Шинҷон шадидан танқид мекунад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.