Муроҷиати Ҳоҷӣ Мирзо ба хулафои Бадахшон

Сиёсат, Слайдер, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳоҷӣ Мирзо рӯҳонии маъруфи кишвар пас аз он, ки президенти кишвар дар гурӯҳҳои ҷиноии Бадахшонро интиқоду муҳкум кард ва Шодихони Ҷамшедро аз вазифа барканор намуд, ба  халифаҳо — рӯҳониёни Бадахшон муроҷиат карда, аз онҳо даъват мекунад, ки нагузоранд, ки бегонагон низоми сиёсии моро халалдор кунанд.

«Бегонагон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони Бадахшонӣ муҳити солими моро халалдор созанд. Мо, ки шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидаем, пай бурдаем, ки хоҷагони хориҷӣ чигуна тавассути як гурӯҳ камхирадон моро ба чи аҳвол оварда расонида буданд. Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сияҳро ба болоямон наорад.»-омадааст, дар муроҷиатномаи Ҳоҷӣ Мирзо, ки дар ҳафтаномаи «СССР» нашр шудааст. Дар зер матни пурраи муроҷиатнома:

СЕ НАВЪИ ШУКР

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.
Худованди бахшандаи дастгир.
Кариму хатопӯшу пӯзишпазир.

Аввалан саломи худро ба мардуми боақлу бошуур, поктинату покирода ва имондори Ватани азизам, Тоҷикистон мерасонам. Баъдан аз Аллоҳи банданавоз хоҳиши онро дорам, чи гунае Аллоҳ худаш фармудааст,
-Агар дар неъматҳое, ки бар шумо додаам шукургузор ва сипосгузорӣ накунед, он неъматҳо аз шумо рафта мешаванд, ба ҷояш азоби дарднок меояд.
Бинобар ҳамин мо бандагонро зарур аст, шукронаи неъматҳои додаи Аллоҳро ба ҷо оварда, ҳалолу покиза заҳмат кашида, фарзандонро бо нони ҳалол ба воя расонем. Боварӣ ҳаст, ки он фарзандон вафодори падару модар, миллату давлат хоҳанд шуд. Падарону модарон, бародарону хоҳарони азиз, хоҳиши ман ҳамин аст, ки панду андарзҳои гузаштагонро пешаи кори худ қарор диҳед. Боварӣ ҳаст, ки ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасед. Чуноне, насиҳатгари мо-дӯсти Худо, шайх Саъдӣ фармудааст:

Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Ду чиз тираи ақл аст: Дам фурӯ бастан,
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

Имрӯз мо дар он ҷомеае ҳаёт ба сар мебарем, ки аз ҳама лиҳоз пешрафта аст. Шукронаи Худо, ки барои мо як Сарвари ғамхор ва ватандӯстро ато намуд, дар Ватанамон тинҷу ором зиндагӣ дорем. Онҳое, ки аз аҳли донишу фазланд, воҷиб аст, барои ҳифзи ин марзу бум саҳмгузор бошанд. Яъне саҳмгузорӣ тибқи гуфтаҳои Худову Расул, хоҳ ба ақл ё ба забон ё ба мол бошад. Ин маврид низ Саъдии бузургвор мефармояд:

Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст,
Бигӯ, эй бародар, ба лутфу хомӯшӣ.
Ки фардо чу пайки аҷал даррасид,
Ба ҳукми зарурат забон даркашӣ.
Дар мисраҳои дигар чунин мегӯяд:
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ гар нагӯӣ савоб.

Ҳидоят низ эҳсон аст

Ҳамдиёрони азиз, ман низ барои худ зарур донистам, ки насиҳат ё маслиҳати андак ҳам бошад, болои коғаз биёрам, то шояд аз байни хонандагон ё шунавандагон, ҳадди ақал нафаре дарк кунад, ки ин як амали хайрест барои хонанда. Паёмбари нозанинамон ҳазрати Муҳаммад(с.с.) фармудааст, аз дасти ҳар касе, ки нафаре роҳи ҳаққу дурустро биёбад, барои ӯ аз як шутури сурхмӯйро қурбонӣ кардан беҳтар аст. Ҳамдиёрони азиз, роҳи ҳаққу дуруст назди Худост, вале моён вақте барои ҳидояти ӯ саъй мекунем, сабаб мешавад. Барои чи Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) шутури сурхмӯйро ёдрас шудааст, зеро ин навъи шутур бисёр нодир аст. Тоҷикони мо, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ таҳсил мекарданд, 1 нафараш гуфт, ки 1 шутури сурхмӯй боре дар савдо гузошта шуд ва бо нархи 1 миллион доллар ба фурӯш рафт.
Ҳамдиёрони азиз, пас аз ин хулоса ин аст, ки агар 1 нафарро мо бо роҳи дуруст, худшиносию худогоҳӣ ва шукргузорӣ аз додаи Худо ҳидоят намоем, ҳисоб кунем, ки мо 1 млн. доллар дар роҳи Худо хайру эҳсон кардаем. Мақсади 3 навъи шукр номгузорӣ шудани мақола аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳоти онро бо пуррагӣ мо фаҳмида гирем ва аз рӯи он амал намоем.

Шукрона ҳам эҳсон аст

Хонандагони азиз, мо бо забон, бо дил ва бо амал ҳар лаҳза шукр намоем, ҳамон қадар пешравиҳо, баракату эҳсон барои мо Худо ато менамояд. Шукрона, ки имрӯз аз Роҳбари Давлат то масъулини дигар кӯшиш доранд, ки зиндагонии мардум боз ҳам беҳтару хубтар гардад. Имрӯз 100 бор шукр мекунем, ки бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як Ватани тинҷу обод дорем, ки мардумонаш серу пур ва осудаҳолона зиндагӣ доранд. Дар урфият гуфтаанд: «Аз мӯре мадад». Ин масал маънои онро дорад, ки ҳамаи мо аз 1 гиребон сар бароварда Ватанамонро обод кунем. Барои бунёдкорӣ, ободонӣ ва сарҷамъсозӣ ҳамаи мо ҳақ дорем. Онҳое андеша доранд, ки касе соҳибвазифа ҳаст обод кунад, ҳаққи ҳамонҳост, албата чунин суханон комилан ғалатанд. Ҳатто нафаре, ки бо амал хизмат карда наметавонад, бояд ба забон дуогӯ бошад ва дар дил гумонҳои некро гузаронад, албатта ин аз гӯшаи имону имондорӣ ва пешравиҳову бунёдкориҳост. Шайх Саъдӣ дар китоби «Бӯстон» қиссаи таъсирбахш ва ибратбахшеро оид ба шукргузорӣ овардааст:
Шабе дуди халқ оташе барфурӯхт,
Шунидам, ки Бағдод ниме бисӯхт.
Яке шукр гуфт андар он хоку дуд,
Ки дукони манро газанде набуд.
Ҷаҳондидае гуфт, к-эй булҳавас,
Туро худ ғами хештан буду бас?
Писандӣ, ки шаҳре бисӯзад ба нор,
Агарчи сарояш бувад бар канор.
Агар дар саройи саодат кас аст,
Зи гуфтори Саъдӣ ҳарфе бас аст.
Ҳаминат басанда-ст агар бишнавӣ,
Ки гар хор корӣ, суман надравӣ.
Маъно ва муҳтавои қисса ин аст, шахсеро, ки баъд аз сухтани шаҳр дӯконаш намесӯзад, дарҳол аз Худо шукргузорӣ менамояд, ки шаҳр ба якборагӣ сӯхту дӯкони маро осебе нарасид, яъне он насӯхт. Ин нафар аз аблаҳӣ ва нодонию гумроҳӣ чунин суханро ба забон овардааст, зеро ободию пешрафти дӯкон аз ободию амнияти шаҳр вобастааст. Мо наслҳои имрӯзаро бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намоем, ҳаққи ватану миллатро аз ҳаққи худ боло донем. Ин аст шукргузорӣ!

Бетараф набошем!

Шиори амрикоиҳо чунин аст: «Ман барои Амрико чӣ кардам?!». Бародарони азиз агар мо гӯем, ки хонаи мо тинҷу обод аст, худу фарзандон серу пурем, фарзандонамон бофаҳму боодобанд, ба дигарҳо корам чӣ, ин бетарафиро нишон медиҳад. Мо набояд барои худ, балки барои дигарон биандешем. Ҳадиси Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с.с.) ба ёдам омад, ки фармуда:
«Мусулмони асил онест, ки ғами дигаронро хӯрад, аз мушкилоти худаш дида, мушкилоти дигаронро сахттар эҳсос намояд».
Баъди он интиқоди шадиде, ки Роҳбари давлат аз шаҳрдории Бадахшон кард, агарчи Сарвари давлат ҳаққи интиқод дорад, вале инро ба маънои дигар фикр кунӣ, ин ғамхорӣ барои худи мардуми Бадахшон буд. Аз тамоми бародарони Бадахшонӣ, ки дар ростои онҳо гумони нек доранд ва эҳтиром мегузоранд, инчунин ба халифаҳо ва нафароне, ки сухани онҳоро дар он водӣ таъсир мерасонад, гуфтаниям, ки дар ҳар дину оин новобаста аз ҳар равияе, ки ба дини ислом вобастагӣ дорад, ё на, хайрхоҳӣ, ободонӣ, ободкунӣ, дӯстдорӣ, меҳру муҳаббат дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ, камбудиҳое, ки дар рафтору гуфтори баъзе мардуми Бадахшон аст, он бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ бартараф карда шаванд. Лиҳозо, аз ҳамаи халифаҳо, аҳли зиё даъват ба амал меорам, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, ба азму иродаи қавӣ мулкро ободу зебо намоем.
Бинобар ин аз ҳамаи халифаҳои Бадахшон хоҳиш дорам, аз гуфтаҳои Қуръону Ҳадис дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ ва он гумроҳонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят намоянд. Нагузоранд, ки бегонагон низоми сиёсии моро халалдор кунанд. Бегонагон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони Бадахшонӣ муҳити солими моро халалдор созанд. Мо, ки шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидаем, пай бурдаем, ки хоҷагони хориҷӣ чигуна тавассути як гурӯҳ камхирадон моро ба чи аҳвол оварда расонида буданд. Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сияҳро ба болоямон наорад.
Агар солҳои пешинро бо имрӯз муқоиса намоед, мебинем, ки дар Бадахшон чи заҳмату меҳнати зиёде ба сомон расонида шудааст, чи қадар биноҳои наву замонавӣ қомат афрохтаанд. Биёед ба қадри ин заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон бирасем. Зеро Тоҷикистон хонаи ҳар кадоми мову шумост, ҳифзу ҳимоя, ободию дӯстдориаш ҳам қарз асту ҳам фарз. Ба қавле «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад». Аз кулли диндорон, халифаҳои бадахшӣ, бахусус, аҳли зиё даъват менамоям, ки баҳри амну субот дар Бадахшон саҳми арзандаи худро гузоранд. На ин ки мардуми Бадахшон, балки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кулли сайёраи олам бояд тинҷу обод ва мардумонашон дар зери ливои сулҳ ва ҳамбастагӣ осудаҳолона умр ба сар баранд. Хулосаамро бо пандҳои ибратомӯзи шайх Саъдӣ хотима бахшиданиам:
Худоро бар он банда бахшоиш аст,
Ки халқ дар вуҷудаш осоиш аст.
Карам варзад он сар, ки мағзе дар ӯст.
Ки дунҳимматонанд бемағзу пӯст,
Касе нек бинад ба ҳар ду сарой.
Ки некӣ расонад ба халқи худой,
Аз ин беҳ насиҳат нагӯяд касат.
Агар оқилӣ, як ишорат басат.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply