• Mardon
  • 09.08.2019
  • 0

Алмосбек Отамбоев боздошт шуд

Дар рӯзи дуюми амалиёти  неруҳои амниятии Қирғизистон дар деҳаи Кой-Тош Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дастгир шуд.

Нерӯҳои пулис барои ворид шудан ба хонаи Отамбоев аз гази ашковар истифода карданд. Дар онҷо садҳо тан аз тарафдорони раиси ҷумҳури пешин ҷамъ омада буданд. Онҳо мегӯянд, ҳамчунин садои тирпарронӣ шунида шуд.

Рӯзи 8 август Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд. Аммо пеш аз он аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти боздоштро раҳбарӣ мекард, хост, ба тарафдоронаш зиён нарасонанд. Даҳҳо тан аз ҷонибдорони президенти собиқ дар хонааш буданд ва аз ӯ ҳимоят мекарданд.

«Метавонед маро парронед, аммо ба бачаҳои ман нарасед!» – хост Отамбоев пеш аз он ки ба берун барояд ва таслим шавад. Ва дарро ҳам баъд аз он кушод, ки Асанов ваъда дод, касеро «намезананд».

Рӯзи аввали амалиёт дар 7 август ноком буд. Дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафар захмӣ гардиданд.

Задухӯрд миёни тарафдорони Отамбоев ва неруҳои амниятӣ

Бино ба гузориши хабаргузории «Интерфакс» , Алмосбек Отамбоевро ҳимоятгари ҷамъиятиаш Фарид Ниёзов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Қундуз Жолдубоева ҳамроҳӣ мекунанд. Дертар Жолдубоева хабар дод, ки Отамбоевро ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо муттаҳам аст. Худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, “Отамбоев ва ҳамроҳонаш аз силоҳи оташфишон истифода карданд ва муқовимат нишон доданд. Онҳо қонунро дағалона вайрон карданд. Мутаассифона, чанде аз одамон маҷруҳ шуданд. Корманди сохтори ҳифзи ҳуқуқ аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Баҳои ҷоне, ки аз даст рафт, аз қудрат, сарват ва баъзе манофеи сиёсӣ болотар аст.”

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки шаш сол – аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 – президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner