Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Амрико алайҳи Туркия таҳрим эълом кард

ИМА зидди Туркия барои амалиёти нерӯҳои низомиаш дар шимоли Сурия таҳрим эълом кард.

Дар изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Помпео омадааст, Вазорати молия ва Департаменти давлатӣ бар пояи фармоне, ки президент Доналд Трамп имзо кард, метавонанд зидди ниҳодҳои давлатии Туркия ва шахсони алоҳида барои даст доштан дар амалиёте таҳрим эълом кунанд, ки сулҳу субот дар шимоли Сурияро ба ҳам мезанад.

Зидди вазоратҳои энергетикаву дифои Туркия ва раҳбаронашон бо шумули вазири умури дохилии ин кишвар таҳрим ҷорӣ шудааст.

Помпео дар изҳороти худ гуфтааст, ки амалиёти низомии Туркия зидди курдҳои Сурия талошҳо барои мубориза бо терроризмро ба ҳам зада, ҳаёти сокинони осоишта ва субот дар минтақаро зери хатар гузошт. ИМА аз Туркия даъват кард, ки амалиётро фавран қатъ кунад.

Президенти ИМА дар Твиттер бори дигар аз тасмими худ барои берун бурдани сарбозони амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳимоят карда, гуфт, Вашингтон вазифаи худро дар он кишвар анҷом дод ва суриягиҳоро аз туркҳо ҳимоят нахоҳад кард.

Туркия мегӯяд, ҳадаф аз амалиёти низомияш, ки дар он гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифони Сурия низ иштирок доранд, бехатар гардонидани марзҳои худ аз террористон аст.

Расонаҳо рӯзи душанбе хабар доданд, ки раҳбарияти курдҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ба созиш расиданд. Бар асоси ин созиш, артиши президент Башор Асад дар як қатор минтақаҳои аҳолинишини шимоли Сурия ҷойгир шуданд, то аз ҳамлаи низомиёни турк пешгирӣ кунанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.