• Бахтовар Сафаров
  • 10.09.2019
  • 0

ҶАНГИ дуюми ҶАҲОН: кӣ гунаҳкор: ГИТЛЕР, СТАЛИН ё роҳбарони ФРАНСИЯЮ АНГЛИЯ?

Рӯзи 1 сентябр дар робита ба 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Велюни Полша, ки зарбаи нахустини неруҳои Олмони фашистиро қабул карда буд, бо ширкати сарони 40 кишвари ҷаҳон ҳамоиши ёдбуд баргузор гардид. Ба ин ҳамоиш Владимир Путин, Президенти Русия даъват нашуд.

Чаро Путин даъват нашуд?

Коршиносон далели ин амрро ба созиши махфии Иттиҳоди Шӯравии собиқ бо Олмон дар заминаи тақсими ҳудуди Полша унвон карданд. 17 сентябри соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ бидуни эълони ҷанг бо баҳонаи ҳимояти аҳолии Украинаи Ғарбӣ ва Беларус неруҳои худро вориди Полша кард. Ба навиштаи Лукаш Адамский, муаррихи маъруфи Полша дар нотаи Маскав таъкид шуда буд, ки дар зарфи ду ҳафтаи ҷанг давлати Полша мағлуб шуда, аз ин лиҳоз Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур аст, аз аҳолии осоиштаи Украину Беларус дар ин кишвар ҳимоят кунад. Ба эътиқоди Адамский, ин дурӯғи маҳз буда, он замон ними Полша алайҳи неруҳои Олмони фашистӣ меҷангид, ҳукумат низ фарор накарда, дар Варшава, пойтахт қарор дошт. Дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои шӯравӣ ин ду ҳудуди Полша ғасб шуда, ба Иттиҳоди Шӯравӣ “ҳамроҳ” гардид. Коршиносон дар ин замина ба созишномаи махфӣ миёни Олмони фашистӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ишора мекунанд, дар асоси ин санади Аврупои Шарқӣ миёни ин ду абарқудрат тақсим шуда буд. Дар натиҷаи ҳамлаи шӯравӣ ҳудуди 240 ҳазор сарбозу афсарони поляк асир афтоданд. Аз ин ҷумла 43 ҳазор нафар ба дасти Адолф Гитлер супорида шуда,  22 ҳазор нафари дигарро Комиссирати мардумии корҳои дохилӣ ё НКВД-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи Катин ба қатл расонд. Полша борҳо дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи қатли оми полякҳо дар Катинро матраҳ карда, аммо Русия Иттиҳоди Шӯравиро дар ин амал муқассир намедонад.

Франк-Валтер Штайнмайер, Раиси ҷумҳури Олмон дар ин ҳамоиш расман аз мардуми Полша барои азобу машаққате, ки 80 сол қабл Олмони фашистӣ ба сари мардуми ин кишвар оварда буд, узрхоҳӣ кард. Дар ҷараёни ин ҷанг беш аз 6 миллион нафар сокини Полша кушта шуда, ин кишвар ба харобазор табдил шуда буд. Мақомоти Полша барои ин ҳама ба гуфтаи онҳо “ваҳшоният” Олмон бояд ба ин кишвар ҷуброни молӣ пардохт кунад. Сейм ё парлумони Полша ҳоло санад дар мавриди ҳаҷми ин ҷубронпулиро баррасӣ мекунад. Аммо Олмон баррасии ин мавзӯъро қобили қабул намедонад ва ин ҳаводисро моли таърих меҳисобад.

Омилони ҷанг киҳо буданд?

Дар асоси китобҳои дарсии таърих, ки дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ таълим дода мешуданд, Ҷанги дуюми ҷаҳон 1 сентябри соли 1939 бо ҳамлаи Олмони фашистӣ ба Полша шурӯъ шуда буд. Субҳи он рӯз ҳавопаймоҳои ҷангии Олмон шаҳрҳои Полшаро бомбаборон карданд, ки дар натиҷа беш аз 1 ҳазор нафар ҷон бохтанд. Ба эътиқоди муаррихони ҷаҳон, таърихи оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон на 1 сентябр, балки 3 сентябр эълон шавад. Зеро ба гуфтаи муаррихи маъруфи рус, доктори илми таърих Олег Буднитский, маҳз дар ҳамин рӯз Франсия ва Англия ба Олмони фашистӣ ҷанг эълон карданд. Ҳарчанд ҷанг дар гӯшаю канори ҷаҳон кайҳо шурӯъ шуда буду Япония қисмати зиёди хоки Чинро тасарруф карда, Олмон Чехословакия ва Австрияро забт карда буд.

Аммо дар мавриди омилон ё гунаҳкорони ин ҷанг, ки 6 сол идома ёфта, боиси марги ҳудуди 70 миллион нафар шуда буд, назарҳо гуногунанд. Дар ҳоле ки бештари муаррихони ҷаҳон Адолф Гитлер, роҳбари Олмони фашистиро сабабгори оғози ҷанги ҷаҳонӣ медонанд, Иосиф Сталин, пешвои Иттиҳоди Шӯравӣ Франсия ва Англияро оташдиҳандаи ҷанг хонда буд. Ба гуфтаи Сталин, маҳз ин ду кишвар рӯзи 3 сентябри соли 1939 алайҳи Олмон ҷанг эълон карда буданд. Ба эътиқоди муаррихони ҷаҳонӣ, рӯзи 23 августи соли 1939 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони фашистӣ созишномаи “ба ҳамдигар ҳамла накардан” имзо шуда буду Иосиф Сталин ба ҳеҷ ваҷҳ намехост равобиташро бо Олмон тира кунад. Аз ин лиҳоз,  вай бори масъулияти оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба дӯши “импералистон” Франсия ва Англия бор кард.

Натоиҷи фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон

Авохири моҳи августи соли 1939 гурӯҳи 250 нафарии гуруҳи махсуси маъруф бо “СС”-и  Олмон либосҳои ҳарбии неруҳои Полшаро дар бар карда, ба стансияи радиои олмонӣ дар шаҳри Гляйвитсе ҳамла карданд. Ин ҳодиса барои Адолф Гитлер баҳонае шуд, то 1 сентябри соли 1939 ба Полша ҳамла кунад. Ҳамин тавр, Ҷанги дуюми ҷаҳон шурӯъ шуд, ки то моҳи августи соли 1945 идома ёфт. Дар ин ҷанги ҷаҳонӣ расман 72 кишвар, ки 80 дарсади аҳолии курраи Заминро дар бар мегирифт, ширкат доштанд. Даргириҳои шадид дар ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон-аз Аврупо то Африқо ва қораи Осиё сурат гирифта, дар онҳо 110 миллион нафар сарбозу афсарҳо алайҳи якдигар ҷангиданд. Дар ҷараёни ин ҷангҳо ҳудуди 70 миллион нафар аз ҷумлаи низомиён ва аҳолии осоишта кушта шуданд. Аз ҳама бештар Иттиҳоди Шӯравӣ талафот дида, 9 миллион низомӣ ва 18 миллион нафар аҳолӣ нобуд гардиданд. Талафоти ҷонии Олмон 6,5 миллион нафарро ташкил додааст. Манотиқи аз Сталингради Иттиҳоди Шӯравӣ то Нормандияи Фаронса комилан ба харобазор мубаддал шуд.

Трибунали байналмилалии Нюнберг 1 октябри соли 1946 11 нафар роҳбарони боломақоми Олмони фашистиро ба қатл маҳкум кард.

Пас аз поёни Ҷанги дуюми ҷаҳон кишварҳое чун Ҳиндустон, Ҳабашистон, Лубнон, Индонезия, Сурия ва Ветнам аз юғи мустамликадорон раҳо шуда, давлатҳои мустақили худро барпо карданд.

Мардони Муҳаммад,

“Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner