• Mardon
  • 11.07.2019
  • 0

Дар Радиои Озодӣ раиси нав таъйин шуд

Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) Ҷемӣ Флайро президент ва мудири иҷроияи ин коргоҳ таъйин кард.

То ҳол Ҷемӣ Флай дар Бунёди Маршали Иёлоти Муттаҳида дар Олмон фаъолият мекард. Илова бар ин ӯ Мудири барномаҳои Ояндаи ҷуғрофиёи сиёсӣ ва Осиёи ин созмон ва Ҳамраиси Паймони фароатлантикии амнияти демократия мебошад. Қаблан Флай ҳамчун корманди аршади Конгресси Иёлоти Муттаҳида, Шӯрои амнияти миллӣ ва Вазорати дифои ИМА кор кардааст.

Тибқи қарори Шӯрои мудирони корпоратсия шурӯъ аз 1 август ноиб-президент Дейзӣ Синделар, ки аз моҳи декабри соли 2018 ба ин сӯ иҷрокунандаи вазифаи президент буд, сардабири RFE/RL мешавад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такя ба шабакаи хабарнигорони маҳаллияш ба 34 миллион одам дар 22 кишвар ба 26 забон дар манотиқе, ки озодии матбуот маҳдуд карда мешавад ва расонаҳои маҳаллӣ рушд накардаанд, иттилоъ мерасонад. Видеоҳои онро дар соли 2018 дар Фейсбук ва Ютюб 2,6 миллиард бор дидаанд. Он аз лиҳози касбӣ озод буда, ба воситаи Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида аз Конгресси ИМА таъмини молӣ мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner