Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дидори Президентҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Мулоқоти дувуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) 27 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин бора президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 12 ноябр иттилоъ дод.

Назарбоев изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти мазкур дар рӯзи эъломшуда дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баъзе аз мушкилиҳои ҳалношуда боқӣ мондааст. «Задухӯрдҳо рух дода, одамон кушта мешаванд», — афзуд вай.

Ёдрас мешавем, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст пешниҳод кард, ки мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуд. Моҳи июли соли равон дар Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ доданд, ки мулоқоти дувум тирамоҳи имсол дар Тошканд баргузор мешавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.