Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дидори Путин аз Арабистони Саудӣ

Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон рӯзи душанбе бо президенти Русия Владимир Путин расман дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои хабаргузории «SPA»-и Арабистони Саудӣ, ҷонибҳо равобити дуҷониба, ташаннуҷи авзоъ дар Яману Сурияро баррасӣ ва ба зарурати мубориза бо терроризму ифшои манбаъҳои сармоягузории созмонҳои тундрав таъкид карданд.

Путин 14 октябр дар пасманзари афзоиши ташаннуҷи авзоъ дар Халиҷи Форс бо мақсади имзои як созишномаи нафтӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард. Кремл гуфт, ҳадафи сафари Путин ҷалби сармоя ба Русия аст.

Президенти Русия пеш аз сафараш ба шаҳри Риёз бо телевизионҳои «Al Arabiya», «Sky News Arabia» ва «RT Arabic» суҳбат карда, гуфт, бо шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ муносибатҳои хуб дорад.

Қарор аст, Путин 15 октябр озими Имороти Муттаҳидаи Араб шавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.