Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду қазоқи аз Чин фароркардаро дар Қазоқистон ҳабс карданд

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ, ду қазоқтабори Шинҷони Чин дар Қазоқистон ба убури ғайриқонунии марз гумонбар шуданд. Онҳо пештар аз ин гуфта буданд, ки аз Чин фирор кардаанд.

Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Лаззат Ахатова хабар дод.

«Мо дар тааҷҷуб мондем, вақте фаҳмидем, ки додгоҳ рӯзи якшанбе онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст», — гуфт вакили мудофеъ.

Ахатова афзуд, ҳабси пешакии афроди таҳти ҳимояаш беасос аст, зеро ҷинояте, ки онҳо дар содир кардани он гумонбар мешаванд, вазнин арзёбӣ намегардад. Вай гуфт, додгоҳ мебоист, қазоқтаборонро ба ҳабси хонагӣ мегирифт.

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд.

Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14 октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки «наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд». Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.