• Mardon
  • 08.05.2019
  • 0

Эрон бархе аз уҳдадориҳои ҳастаиро бозбинӣ мекунад

Рӯзи 8 май, дар солгарди хуруҷи расмии Амрико  аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон номаҳои президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи қисман хориҷ шудани Эрон аз ин созиш ба сафирони ИМА, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия таслим шуд.

Таҳаввулот дар ҳолест, ки чанде пеш Эрон гуфт имкон дорад ғанисозии уранро дубора аз сар бигирад ва ин тасмим бахши муҳими созиши маҳдудкунандаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон буд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 7 май ғайриинтизор сафарашро ба Аврупо қатъ кард ва ба Ироқ рафт. Помпео гуфт, дар пайи фаъолшавии Эрон чунин тасмим гирифтааст. Пентагон мегӯяд, мумкин аст, Теҳрон ба низомиҳои амрикоӣ дар минтақа ҳамла кунад.

Созиши Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди маҳдудсозии барномаи ҳастаӣ дар ивази бекорсозии таҳримҳои иқтисодӣ соли 2015 ҳосил шуда буд. ИМА соли 2018 эълом кард, ки аз ин созиш хориҷ мешавад. Доналд Трамп, президенти ИМА он замон гуфт, ки созиш ноодилона аст. Баъди он Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро густариш дод.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner