• Administrator
  • 03.10.2018
  • 0

Гулнора Каримова аз зиндон озод шуд

Духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова, ки дар гирифтани пора аз чанд ширкати хориҷӣ айбдор ва дар ватан ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас озод гашта, ҳоло дар хонаи худ қарор дорад.

Ин хабар 1 октябр дар саҳифае дар Instagram нашр шуд, ки гӯиё ба духтари Гулнора Каримова — Имон Каримова тааллуқ дорад. Пештар хабаргузории «Фарғона» иттилоъ дод, ки Каримоваи хурдӣ 28 сентябр аз Тошканд ба Лондон парвоз кардааст.

Вале Додситонии кулли Ӯзбекистон хабари раҳоии Гулнора Каримоваро рад кард. «Каримова тибқи қонунгузорӣ, муҳлати ҷазои худро дар зиндон адо мекунад», — омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Пештар ширкатҳои мухобиротии аврупоӣ ба Вазорати адлияи ИМА иқрор карданд, ки барои ворид шудан ба бозори алоқаи Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова чандин миллиард пора доданд. Додситонии кулли Ӯзбекистон ҳам Каримоваро дар пинҳон кардани даромадҳои чандинмиллионии худ аз мақомоти андоз ва азхудкунии амволи ғайр ба маблағи чандин миллион сӯм айбдор карда буд.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ иттилоеро дастрас кард, ки гӯиё Каримова моҳи август аз зиндон озод шуда, ҳоло дар ҳабси хонагист. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Каримова аз зиндони ноҳияи Зангиота озод шуда, ҳоло дар ҳабси хонагӣ дар манзили худ, воқеъ дар кӯчаи Содиқ Азимови шаҳри Тошканд қарор дорад.

Имон Каримова 28 сентябр пеш аз парвоз ба Лондон дар Instagram навишт, ки компютери ӯро дар фурудгоҳ сахт тафтиш карданд. Дертар, 1 октябр ин навиштаро гузошт, «бо ташкили ҷанҷолҳои сохта дар фурудгоҳ хостанд, таваҷҷуҳи маро ба дигар тараф ҷалб карда, маълумоти компютери манро пок кунанд. Ҳоло модарам дар хона аст ва шояд кадом як чизи муҳимеро мекофтанд».

Дар бораи Гулнора Каримова додситонии кулли Ӯзбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дода буд. Додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Вале як моҳ пеш баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабар доданд, ки Каримова моҳи август аз зиндон озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон гуфт, баргашти Каримова ба хонаи худ натиҷаи гуфтугӯҳои вакили дифои ӯст. «Ба Каримова шарт гузоштаанд, ки дар хонааш ором зиндагӣ кунад. Дар хонаи ӯ ҳатто Интернет нест», — афзуд манбаъ.

Пост Иман Каримовой в Instagram'е.
Пост Иман Каримовой в Instagram’е.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner