• Administrator
  • 07.11.2018
  • 0

Гузаргоҳ баста шуд

Дар робита ба баргузории мусобиқаи варзишӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон аз 1 то 10 ноябр, ҳама гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Ӯзбекистон баста шуд.

Як сокини шаҳри Туркманобод, ки ахиран дар гузаргоҳи марзии Фороби Туркманистон будааст, гуфт, ба ӯ иҷозаи убур надоданд. «Ба ман гуфтанд, ки ду ҳафтаи оянда, то замон ба охир расидани мусобиқаи варзишӣ, марз баста боқӣ мемонад», — гуфт ин сокин.

Ин дар ҳолест, ки байни ду кишвар то кунун низоми раводид ҷорӣ аст. Аммо сокинони наздимарзӣ имкони бидуни виза сафар карданро доранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner