• Основной язык сайта
  • 22.08.2017
  • 0

И. Усмонов: Эрон бояд ҳақиқати таърихиро дарк кунад

Профессор Иброҳим Усмонов, роҳбари фонди «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» ва собиқ мушовири Президенти Тоҷикистону узви Комиссияи оштиии миллӣ дар робита ба филми ВКД мақолаеро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расонидааст, ки дар он аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, даъват мешавад. ки террористӣ будани ҲНИТ-ро (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) эътироф намояд. tajikistantimes.tj матни комили матлаби Усмоновро бидуни таҳрир ё такмил пешкаши шумо мекунад:

Шинохти ҳақиқат. Ё харобкориҳои пасипардагиро кӣ созмон медиҳад?

Гузориши маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, ки дар заминаи тафтиши ҷиноятҳои содиркардаи Абдуҳалим Назарзода таҳия шуда, ахиран тавассути барномаи вижаи телевизионӣ пешниҳоди бинандагон гардид, қобили андеша аст. Зеро шоҳидон ва иштирокчиёни ин ҷиноятҳо зимни суҳбат ба гуноҳҳое иқрор мешаванд, ки дар нимаи дуюми солҳои 90-и асри гузашта бо мусоидати мақомоти махсуси кишварҳои алоҳидаи хориҷӣ содир кардаанд.

Мутаассифона, теъдоди зиёде аз чунин шахсон дар амали худ аз номи дини мубини Ислом истифода бурдан мехоҳанд ва барои эъмори ҷомеаи ухравӣ, ғайридунявӣ талош мекунанд. Таърихи инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи динҳои яккахудоӣ нишон медиҳад, ки покии имон ба сохти давлат ягон рабт надорад. Шахсе, ки дар назди Худо рост аст, ҳам дар назди виҷдонаш ва ҳам дар назди қонун чунин мемонад. Бо дарки ин нукта ман аминам, ки мусалмони ҳақиқӣ ибодати худро дар вуҷудаш ба амал меорад, на дар шиору фазлфурӯшӣ. Ҳар чиз бояд дар ҷойи худаш бошад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки об дар зери киштӣ наҷоти киштӣ, вале дар дохили киштӣ ҳалоки киштӣ аст. Ҳамин тавр, парастиши Худованд аз ҷониби ҳар шахс рӯҳу имони ӯро қавӣ мегардонад. Ба сиёсат кашидани дин сабабгори талошҳо, муқовиматҳо, ҷангҳо, кушторҳо ва харобиҳо мешавад. Инро дар таърих бисёр дидаем ва дар даҳ соли охир ҳам мисоли беандозаи онро шумурдаем. Дар Ироқ, Сурия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Либия, Яман, Миср, Арабистони Саудӣ, Исроил ва Фаластин ҳамин навъ талошҳои диниву ухравӣ, суннату шиа боиси куштори ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардиданд. Мамлакатҳое, ки сокинонашон зиндагии орому осуда ва серу пур доштанд ба бало гирифтор шуданд.

Имрӯз мусалмонҳо бо ҳам меҷанганд, ба гардани яке гуноҳи шиа бор мекунанд ва ба дигаре гуноҳи суннат. Ҳар ду якдигарро «террорист» мехонанд ва кишварҳои дигар ба онҳо ҳамчун террорист менигаранд. Дар ин шароит аз байни роҳгумзадаҳои тоҷикистонӣ тайёр кардани шахсоне, ки фаҳмидаю нафаҳмида дар Ватану берун аз он даст ба куштор мезананд, ин мусоидат намудан ба тавсеаи терроризми байналмилалӣ аст.

Мо, тоҷикистониён, дар пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир чӣ иқдом карда метавонем? Албатта, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд. Аз ҳама асосӣ, аз ҷавонӣ дар мактаб, муҳити хонавода фаҳмондан зарур аст, ки озодии виҷдон дигару амали ҳизби сиёсӣ дигар. Дар фаҳми ман, озодии виҷдон Худотарсӣ ва покии имони инсон аст. Шомил шудан ба ин ё он ҳизб ихтиёрист, вале бо фиреб ба он ҷалб кардан ҷиноят аст.

Сарнавишти ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи ҲНИТ як мавзӯи дигарро бароям пеш меорад. Дар давраи музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 давом кард, ҳеҷ вақт дар мавриди мавқеи дини мубини Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳс, талош, созишнома ё ҳуҷҷате мавҷуд набуд. Яъне ҳеҷ ҷониб андеша надошт, ки дар Тоҷикистон ба риояи оини динӣ монеа эҷод мешавад. Вале роҳбарияти ҲНИТ пинҳонию дар баъзе ҳолатҳо ошкоро даст ба кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла амалҳои террористӣ, мезаданд.

Ниҳоят Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ робита доштани ҳайати роҳбарии ҳизбро собит сохта, фаъолияти онро дар Тоҷикистон қатъ гардонд. Ин чунин маъно дорад, ки кишварҳои дӯст, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, бояд ин ҳақиқати таърихиро дарк кунанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тахрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner