• Mardon
  • 22.07.2019
  • 0

Интихоботи порлумонии Украина: Ҳизби Зеленский пешсаф аст

Номзадҳои ҳизби президенти Украина Владимир Зеленский, ки қасди гузаронидани ислоҳоти ҷиддиро доранд, дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии ин кишвар пешсафанд.

Ҳизби ҳокими «Ходими халқ» ҳудуди 44%-и овозҳоро ба даст меорад. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки ҳизби Зеленский барои ташкили ҷиноҳи аксарият дар порлумони Украина ба шарикӣ ниёз хоҳад дошт.

Дар умум панҷ ҳизб овози заруриро барои ворид шудан ба порлумони Украина ба даст овардаанд. «Платформаи мухолиф», ки ба зарурати беҳсозии муносибатҳо бо Русия таъкид мекунад, 11,5 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шудааст.

Ҳизби «Ҳамраъйии аврупоӣ»-и президенти пешин Петр Порошенко 8,9 дарсад, Ҳизби «Баткившина»-и сарвазири пешин Юлия Тимошенко 7,6 дарсад ва ҳизби нави «Садо» 6,3 дарсадро ба даст овардаанд.

Порлумони Украина 450 вакил дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner