• Mardon
  • 12.09.2019
  • 0

Қирғизистон 407 ҳектар заминашро ба Ӯзбекистон дод

Ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон тасдиқ кард, ки 407 ҳектар замини назди обанбори Керкидани ноҳияи Араванро бар ивази минтақае дар наздикии деҳаи Гулбаар ба Ӯзбекистон доданд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Ӯш Нуркиз Қодирбекқизӣ гуфт, масоҳати заминҳои табодулшуда яксонанд.

Деҳаи Гулбаар дар даромадгоҳи ноҳияи Араван, дар канори роҳе ҷойгир аст, ки ба сӯи шаҳри Ӯш меравад. Аз тарафи рости ин роҳ марзи Ӯзбекистон мегузарад. Замине, ки ба Ӯзбекистон дода шудааст, дар ҳамин минтақа ҷойгир мебошад.

​Қодирбекқизӣ иттилоъ дод, ки табодули заминҳои мазкурро ҷониби Қирғизистон аз қабл пешниҳод карда буд ва намояндагони ду кишвар дар ҷараёни гуфтугӯҳои ахири худ дар ин бора ба созиш расиданд.

Низомиёни Ӯзбекистон 10 сентябр атрофи минтақаеро дар наздикии обанбори Керкидан девор гирифтанд, ки норозигии сокинони Қирғизистонро ба бор овард. Видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, чанд сокини маҳаллӣ бо низомиён занозанӣ мекунанд ва дар он тарафи марз аз сӯи Ӯзбекистон техникаҳои ҳарбӣ қарор доранд.

Дар натиҷа ҳукумати Араван эълом кард, ки минтақаеро бо Ӯзбекистон табодул карданд ва таъйину аломатгузории марзҳо низ анҷом шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner