• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 30.03.2017
  • 1

Милиса нагузошт сокинон ба президент шикоят кунанд

Ҳангоми сафари президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоии кишвараш, даҳҳо сокини деҳаи Тасмачӣ мехостанд шикояташонро ба президент расонанд. Аммо мақомоти маҳаллӣ роҳи берунрафт аз деҳаро бастанд, то ки сокинон назди президент нараванд.

Нафосат Холидова, як зани маъюби 25-сола аз деҳаи мазкур мегӯяд, сокинон омодаи назди президент рафтан буданд. «Сокинон шуниданд, ки президент ба ноҳия меояд, ба автобусҳо нишаста, мехостанд ба мулоқот раванд. Аммо дар баромадгоҳи деҳа пулис роҳро баст. Раиси деҳа ҳамаро дашном дод: «Ҳеч кас ба ҳеч куҷо намеравад, ба хонаҳоятон баргардед», — гуфт», — нақл мекунад ин зан.

Ба гуфтаи Холидова, сокинон мехостанд аз мушкилоти мавҷудаи деҳа, ки мақомоти маҳаллӣ намехоҳанд онҳоро ҳал кунанд, ба президент шикоят баранд. «Зимистон мо тамоман бе барқ мемонем, ҳезум хеле гарон фурӯхта мешавад. Мардум маблағ надоранд. Соли ҷорӣ як мошин ҳезум бештар аз 260 доллари ИМА нарх дошт. Орду равғани арзонро сокинон танҳо баъди раиси деҳа ва хешовандонаш метавонанд бихаранд, агар дар мағоза чизе боқӣ монад. Президент аз мардум даъват кард, ки ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Ман ду бор барои дарёфти қарзи бонкӣ ариза додам, аммо 3 моҳ гузашт, посухе нест», — афзуд Нафосат Холидова.

28 март президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоии ин кишвар сафар кард. Вай аз рафти бунёди корхонаҳо ва лоиҳаҳо дидан кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • гражданин:

    Чунин холат дар мо нест магар??? Аз ин бадтараш хаст, Кош хар як шахрванд тавонад ки бо президент рубару шавад, Лекин инро раисони шахру нохияхо ва дигар мансабдорон намехоханд, Чунки бехад кору борашон «конуни» аст

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner