Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳиддинов: Маҳви Ризвон ва Саидмухтор сода набуд…

Генерал-майори мустаъфӣ Эркин Муҳиддинов 75- сола шуданд.  Эшон дар мақомоти амният корро аз вазифаи ваколатдори фаврии Шуъбаи бехатарии давлатии шаҳри Кӯлоб оғоз карда, баъдан дар Регару Қӯрғонтеппа, дар солҳои душвори  1992 – 2000 дар вазифаи сардори Раёсати мубориза алайҳи терроризми Вазорати амният, аз соли 2000 то 2004 сардори Раёсати кашфу бехатарии Гвардияи миллӣ фаъолият кардаанд.  Душвортарин амалиётҳои низомӣ, аз қабили боздошти Ризвону Саидмухтор ва пайравони онҳо таҳти роҳбарии эшон гузаштааст…

Қаҳрамони замон кист?

 Эркин Юлдошевич маро дар кӯча пешвоз гирифтанд.

-Кӯчаи мо ба номи Қаҳрамони СССР Тӯйчӣ Эрйигитов аст, — раҳораҳ суҳбати мо оғоз шуд, — ӯ соли 1943 дар деҳаи Смердинияи ноҳияи Тоснои вилояти Ленинград ба нуқтаи оташфишонии душман наздик шуда, бо тани  худ пеши пулемётро гирифта, худашро қурбон мекунад ва ба аскарони сурх барои идомаи амалиёт имконият фароҳам меорад. Ӯ қаҳрамонии Александр Матросовро такрор кард… Мана ин хонаи мо, хонаи рақами…

-Рафиқ генерал, аслан мехостам бо суоли дигар суҳбатамонро оғоз кунем, аммо шумо риштаи мавзӯи ҷолибро ба даст гирифтед. Дар замони шӯравӣ, ки шумо парвардаи он даврон ҳастед,фаҳмиши қаҳрамон дигар буд. Говдӯшу пахтакор ҳам метавонист қаҳрамон бошад. Ҳоло аз назари шумо қаҳрамони замони мо кист?

-Дар даврони шӯравӣ ду унвони қаҳрамон вуҷуд дошт: Қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Унвони аввал барои қаҳрамонии бемисли сиёсиву ҳарбӣ ва ё дастоварди беназири илмиву эҷодӣ дода мешуд, унвони дувум, ба онҳое, ки дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ меҳнати софдилонаву содиқона мекарданд. Гумонам имрӯз ҳам мафҳуми қаҳрамон тағйир наёфтааст. Касе, ки барои ободиву шукуфоӣ, барои рушду нумӯи кишвар талош мекунад, барои дифои Ватан сина сипар кардааст, қаҳрамон аст.  Қаҳрамон барои ғояҳои бузург барои рушди Ватан талош мекунад.

-Дар замони шӯравӣ шумо барои ғояи бузург — коммунизм талош мекардед, аммо ватани паҳновари советӣ,якуякбора фано шуд…

-Бале, аммо дар баробари сарзамини паҳновар дар қалби мо меҳри Ватани кӯчаки худамон  — Тоҷикистон буд. Ҳамин муҳббат буд, ки мо барои ободиву осоиши он талош варзидем. Садоқат ба Ватан ва хизмат ба мардум ғояи бузурги мо чекистон аст.

Як нафар ҷанговар дар майдон

-Шумо худатон ба кори амният омадед ё шуморо интихоб карданд?

-Маро интихоб карданд.  Банда хатмкардаи факултети забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ҳастам. Муддате дар нашриёт ва баъдан дар Нозироти маорифи райони Регар (ҳоло  шаҳри Турсунзода) фаъолият мекардам. Дар чорабиниҳои мухталиф фаъолона ширкат меварзидам. Соли 1968 ба хизмати ҳарбӣ ба Чехославакия фиристода шудам. Баъди баргаштан соли 1970 маро барои номзадӣ ба узви Ҳизби коммунист пешбарӣ карданд. Як рӯз ғайриинтизор маро сарваколатдори мақомоти амнияти ҷумҳурӣ дар райони Регар Самеъҷон Юсуфов ба наздашон хонда суол карданд: “Шумо дар бораи фаъолияти амният хабар доред?”

“Бале, аммо кам, китоби “И один в поле воин”-и Юрий Долд-Михайликро хонда, ду-се филм ҳам тамошо кардаам”, — посух додам ман.

Ҳамин тавр, эшонпешниҳоди кор дар амниятро карданду ман розӣ шудам. Баъди ин, қариб як солтафтишу таҳлили ман оғоз шуд ва соли 1971 аз Маскав фармони ба кор қабул шуданам омад. Дере нагузашта Муҳиддинови бетаҷрибаро ба шуъбаи бехатарии Кӯлоб фиристоданд ва фаъолияти кории ман ҳамин тавр оғоз шуд. Баъдан курсҳои махсусро гузашта, аз соли 1974 дар райони Регар ва баъдан  дар Душанбе кор кардам.

-Баъди соҳибистиқлолӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ ягона ниҳоде, ки мухолифин натавонистанд онро тобеъ кунанд,  Кумитаи давлатии бехатарӣ буд. Ҳол он ки шумо аз марказ канда шуда будед…

— Албатта, хеле душвор буд, зеро намояндагони дигар миллатҳо, ки вазифаҳои калидиро дар мақомоти амният ба уҳда доштанд, оҳиста-оҳиста рафтанд. Он солҳо кадрҳои маҳаллиро дар вазифаҳои калидии амният роҳ намедоданд. Камолот ва боло рафтани тоҷик дар КГБ душвор буд. Баъди мустақилӣ мо танҳо мондем.  Шукр, ки дар ҳамин шабу рӯз Сайидамир Зуҳуров барин шахси оқилу фозил ба мақомоти амният роҳбар таъин шуданд. Бо талошҳои эшон дар заминаи базаи мавҷуда кори мақомоти амният идома ёфт, мактабиамниятбунёд шуд. Афсарони мустаъфӣ аз нав ба кор ҷалб шуданд. Бо вуҷуди ин кори мо душвор буд.  Пас аз шурӯъ шудани нооромиҳо хеле зиёд талош карданд, ки амниятро ҳам забт кунанд, ҳатто соли 1992 ҳамла ҳам карданд, аммо мо истодагарӣ кардем.

-Шояд ҳамин таҳдидҳо буд, ки архиви амният соли 1992 нобуд карда шуд. Шумо дар як мусоҳибаатон, аз он ки заҳмати чандин даҳсолаи чекистон ба коми оташ рафт, афсӯс мехӯред…

-Бале.Он шабу рӯз вазъ хеле муташанниҷ шуд ва хатари ҳамла ба мақомоти амният бештар гардид. Агар архиви амният ба дасти мухолифин ё мардум меафтид, вазъ шадидтар мешуд. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти амният аз дивизияи 201-ум хоҳиш карданд, ки архивро ба ҳимоя гирад. Албатта, ман масъули архив набудам, бинобар ин посухи онҳоро намедонам,  аммо аз ҷониби роҳбарияти мо дастур шуд, ки архивро нобуд кунем. Дар ҳавлии кумита, дар ҳавз тамоми архив, ҳатто ҳуҷҷатҳои дохили сейфҳо сӯзонида шуданд.

-Он ҷо ҳуҷҷатҳои чандсола нигаҳдорӣ мешуд?

-Аз оғози таъсиси Тоҷикистон. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкилшавии кишвари мо, вобаста ба бузургони мо, аз қабили устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ,Чинор Имомов, Нусратулло  Махсум, ҳуҷҷатҳои нодир оид ба ҳаракати босмачигарӣ,воқеаҳои соли 37 ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ… Умуман ҳамаи фаъолияти чекистони тоҷик то соли 1992 ба коми оташ рафт. Ин ҳуҷҷатҳо ҳамчунин, дар архиви Тошкант нигаҳдорӣ мешаванд. Сайидамир Зуҳуров, ки бо Ғулом Алиевич Алиев –роҳбари вақти СНБ-и Ӯзбекистон дӯст буданд, қисми зиёди онро баргардониданд, баъзеро мо аз хотироти худ барқарор кардем, вале…

-Айни замон фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллиро ҳамчун шахси соҳибтаҷриба чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имрӯз дар осоиштагии кишвар саҳми хеле барҷаста дорад. Раиси кумита Сайидмуъмин Ятимовшахси донишманд ва кордон аст. Ҳаводиси чанд соли охир, аз ҷумла бархӯрдҳои бенатиҷаи ҲНИ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба суботи кишвар нишон дод, ки то чи андоза амнияти мо фаъолияти пурсамар дорад. Ман ҳамчунин, аз он изҳори миннатдорӣ мекунам, ки мо – собиқадоронрофаромӯш намекунанд ва зуд-зуд ба дидорамон мерасанд. Шӯрои собиқадорони моро генерал-майори мустаъфӣ А. А. Солибоев роҳбарӣ мекунанд ва мақомоти амният, махсусан С. С. Ятимов бо мо ҳамеша дар иртиботанд.

Ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон

-Барои чӣ маҳз дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад?

-Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятии роҳбарон сар зад. Як воқеаро нақл мекунам. Солҳои 80-ум банда масруфи омӯзиши таъсири диндорон ба ҷомеа машғул будам. Дар он шабу рӯзҳо нуфузи диндорон дар ҷомеа меафзуд. Аз хунукназарии масъулин онҳо дар маҳалҳо мактабҳои динӣ, масҷидҳои ғайриқонунӣ боз карда, ба таълиму тарбияи ҷавонону наврасон машғул мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки ин нафарон зери таъсири “Ваҳҳобиён” амал мекарданд. Ҳамон солҳо банда аз фаъолияти ифротгароён гузориш навишта,бо имзои роҳбарияти мақомоти амнияти ҷумҳурӣ ба марказ фиристодам. Баъди чанд рӯз маро ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват карданд.  Яке аз масъулини КМ ПК ба ман хеле хунукназарона бо “ту” муроҷиат карда, пурсид, ки ин маълумотҳоро аз куҷо гирифтам. “Ин сирри корманди амният аст. Вазифаи ман огоҳ кардани шумо аз ҷараён мебошад”-посух додам ман. Он нафар маро сарзаниш кард, ки дар Тоҷикистон чунин ҳаракатҳо нестанд ва чор мулло наметавонанд ба давлат таъсир расонанд… Шумо фикр накунед, ки ин мансабдори воломақом ба қудрати давлат бовар дошт, на, ӯ барои имиҷи худаш талош мекард. Ӯ намехост, ки барои ин проблема дар Маскав сурху сафед шавад. Баъдан ҳамин “чор мулло” дар саросари кишвар нуфуз пайдо карда, мардумро тобеи ақоиди худ мекарданд. Соли 1986 КГБ як чорабинии махсусро гузаронида зиёда аз 20 нафари ин рӯҳониёнро ба ҳабс гирифт, аммо на бо ҷазои ифротгаройӣ, балки бо ҷурмҳои дузанагӣ, таълими динӣ додан ва ғайра.Яъне ҳукуматдорон мушкили мавҷударо эътироф кардан нахостанд ва ин ба сарашон бало овард.  Баъдан, фаъолияти нашрияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ назорат нашуданд ва ҳамин тавр сутунҳои давлатдории тоҷикон ноустувор шуд. Мардум ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд.

-Оё имкон буд, ки ҷанг пешгирӣ карда шавад?

-Бале, ҳам дар замони Қаҳҳор Маҳкамов ва ҳам дар замони Раҳмон Набиев имкони саркӯби мухолифин ва пешгирии ҷанг вуҷуд дошт, аммо онҳо бо баҳонаи “хунрезӣ нашавад” иҷоза надоданд ва ин сабаб шуд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар фавтад ва миллионҳо нафар муҳоҷир шаванд.

-Ҷанги Тоҷикистон дохилӣ буд ё унсурҳои бегона дар он даст доранд?

-Албатта, бегонаҳо оташро пуф мекарданд ва ҳатто озодона дар сарзамини момеҷангиданд. “Ҷамоатултаблиғ”, “Ваҳҳобиҳо” ва дигар неруҳо аз ҷониби хориҷиҳо маблағгузорӣ мешуданд. Намояндагони дигар миллатҳо ҳам дар кишвари мо меҷангиданд.

-Бубинед, баъзе аз кишварҳо солҳо наметавонанд, ки ба сулҳ расанд. Баъди ин ҳама ҷангу хунрезӣ ангезаи асосии сулҳи тоҷикон чӣ буд?

-Хоҳиши мардум ва талоши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат. Тоҷикистон қариб тиккаву пора шуда буд. 18 августи соли 1993 пули Анзобро таркониданд. Ҳамон рӯз дар Регар писари 15-солаи ман фавтид, хешу табор аз Айнӣ омада натавонистанд.  Ин ҳеҷ гоҳ аз ёди ман намеравад. Чунин ҳодиса ба сари ҳар як хонаводаи тоҷик омада буд, онҳо мехостанд, ки дар осоиш зиндагӣ кунанд. Ва ин сулҳро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба мо оварданд. Албатта, дар ин амр мардуми шарифи кишвар роҳбари давлатро ҳамроҳӣ карданд.

Суқути сарфармондеҳ Ризвон

-Бори аввал номи Ризвонро кай шунидед?

-Охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум.

-Ӯ дар ҳамон даврон машҳур буд?

-Бале. Охирҳои солҳои 80-ум дар Душанбе “лидерҳо” – гурӯҳҳои авбошон пайдо шуданд, ки бо роҳи ҳаросафканӣ мағоза, ошхона ва кӯчаҳоро ғорат мекарданд ва ё аз ҳар яктои он “андоз” меситониданд. Яке аз чунин гурӯҳҳоро Ризвон Садиров роҳбарӣ мекард. Баъдан Ризвон ба Афғонистон рафта, таълими ҳарбӣ гирифт ва дар олами ҷиноӣ машҳур шуд. Солҳои 90-ум ӯ як маротиба ба Тоҷикистон омада, тариқи чархбол ба Афғонистон баргашт. Дере нагузашта бародараш Баҳром Садиров дар Оби Гарм 13 нафар хориҷиёнро ба асирӣ гирифта, шарт гузошт, ки Ризвон ба Тоҷикистон ояд ва ҳукумат монеъ нашавад. Барои раҳо кардани асирон ҳатто Зуҳуров ба Оби Гарм рафтанд. Чун роҳи дигар набуд, иҷозат шуд, ки Ризвон ба кишвар ояд.

-Чаро ҳамон сол Ризвонро дастгир накардед?

-Боздошти Ризвон кори саҳл набуд. Соли 1997 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бояд ба Аврупосафар мекарданд. Қабл аз сафари Ҷаноби Олӣ Ризвон ду журналисти франсузро ба асорат гирифт. Кабл аз сафари Президент ин воқеаи хеле ногувор буд. Баъди тафтишоти бенатиҷаи дигар ниҳодҳои қудратӣ ин парванда ба ихтиёри амният гузошта шуд ва санаи 25 ноябр ман масъули ин амалиёт таъин шудам. Кофтуковдер давом накард, рӯзи дигар мо дар куҷо нигоҳ доштани асиронро медонистем. Баъдан, моро зарур омад, ки шарти ӯро барои озодии шаҳрвандони хориҷӣ ба инобат гирем. Аммо, мутаассифона, дар вақти додугирифт гранатаи дасти ҷанговари Ризвон таркид ва мо Карин Маннро аз даст додем. Ҳоло як кӯча дар Душанбе номи ин шаҳидро дорад. Шавҳари ӯро бошад, солим гирифтем. Ҳамин тавр, амалиёти Ризвон идома кард.

-Чӣ тавр ба шумо муяссар шуд, ки Ризвонро пайдо кунед?

-Дастгир кардани Ризвон кори сода набуд, зеро ӯ аз тактикаи  Аҳмадшоҳи Масъуд истифода мекард ва ҷояшро зуд-зуд иваз менамуд.  Мо ибтидо макони эҳтимолии Ризвонро омӯхтем. Дар кӯчаи Ашрафӣ  ҳамсари 16-солаи Ризвон бо модараш мезист. Мо тахмин кардем, ки ӯ онҷост. Тахминамон хато набаромд. Аз ҳавлии ҳамсоя ду нафар силоҳбадастони Ризвонро боздоштем. Аммо онҳо будани Ризвонро дар хона рад мекарданд.  Зимни бозпурсӣ зани Ризвон гуфт, ки ӯро се рӯз қабл тарафдоронаш ба Ваҳдат бурданд, модараш мегуфт, ки ду рӯз шуд дар хона нест. Муҳофизонаш бошанд, маълумоти дигар доданд. Ин аллакай маънои онро дошт, ки Ризвон дар ҳамин хона аст. Мо хонаро кофтем, гӯё ӯро замин кашида буд. “Хонаро тарконед”-, бо ваҷоҳати ҷиддӣ, аммо барои санҷиш фармон додам. “Хонаро натарконед, ин хонаи ман аст. Ризвон ин ҷо нест”-бетоқат шуд зан.  Дастур додем, ки  фарши хонаро кананд. Дар зери мебел туннел диққати моро ҷалб кард.  Бо мошинҳоисӯхторхомӯшкунӣ ба он ғор оби бисёре равон кардем. Аз он ҷо сарусадое берун наомад. Об ҳам бенишон гум мешуд.Тахмин кардем, ки Ризвон он ҷост. Дохил шудан хатарнок буд. Граната партофтем. Баъданкормандони мо ворид шуданд. Дар дохил ба ду тараф нақбканда шуда буд. Дар яке аз нақбҳо силоҳу маводитаркандаи зиёде ва мина мехобид. Агар таркише баамал меомад, дар ҳудуди 500 метр ҳама ҷо хароб мешуд. Дар охири нақб, зери кунда, Ризвони мурда мехобид. Ҷисми беҷони ӯро берун кашидем. Он  абгор шуда буд… Ҳамин тавр, “салтанати” Ризвони ҷоҳил ба охир расид.

-Воқеан, ин машҳуртарин амалиёти шумо аст.

-Ман аслан дӯст намедорам, ки дар мавриди ин амалиёт ҳарф занам. Боз нагӯянд, ки бо боздошти як Ризвон тамоми умр дабдаба карда мегардад. Ҳадафи ман реклама нест. Балки гуфтани ҳақиқат аст. Зеро имрӯз нафароне пайдо шудаанд, ки ин амалиётро тамоман дигар хел шарҳ медиҳанд ва ба номи дигарон менависанд.

Амалиёти Саидмухтор

-Тавре медонем нуфузи қумондонҳои мухолифин дар байни мардум хеле зиёд буд. Кам набуданд нафароне, ки хизмати эшонро мекарданд. Оё кормандони амният низ чунин хиёнат мекарданд?

-Дар сатҳи олӣ ва роҳбарикунанда не. Шояд байни кормандон буданд, нафароне, ки маълумот мефурӯхтанд ё ба фоидаи эшон кор мекарданд. Гул бе хор намешавад.

-Шумо дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки сабаби чандин маротиба бенатиҷа анҷом ёфтани амалиёти зидди Саидмухтор ҳам хиёнати зархаридон аз мақомоти қудратӣ буд…

-Бале. Зеро мо ҳамеша Саидмухторро аз даст медодем. Шумо медонед, ки ин золим то солҳои 1997- 1998 сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атрофиёнро ба дод оварда буд. Ҳамин тавр,  дар назди мову Вазорати корҳои дохилӣ вазифа гузошта шуд, ки Саидмухторро дастгир намоем. Амалиётҳоимо натиҷа намедоданд. Саидмухтор рӯзе ё соате пешаз он огоҳӣ меёфт. Масири ҳаракат ва маҳалли зисташро

тағйир медод. Мардум аз ҳамкорӣ бо мо метарсиданд. Ӯ воқеан ҷаллодиашаддӣ буд. Боре барои халқро тарсондан як нафар аз

кормандони милисаро, ки Қурбон ном дошт, дастгиркарда, сарашро аз тан ҷудо намуда, ду рӯз дар симчӯбе, дар Ҳазрати Мавлоно овехта монд. Аз ин рӯ, мардум аз ӯ сахт дар ҳарос буданд ва дар сурати донистанҳам маълумоте намедоданд.

Бинобар ин, кофтукову амалиётҳо мо ҳам барҳадар мерафт. Зеро мо дақиқ маълумот мегирифтем, ки ӯ дар куҷост, аммо ӯро намеёфтем. Баъдан,ман боварии комил ҳосил кардам,ки ӯ дар миёни кормандони мақомоти қудратӣ зархаридон дорад… Саидмухторро соли 1999 дар шаҳриВаҳдат ба қатл расонданд…

Солимӣ, энержӣ ва нақшаҳо

-Эркин Юлдошевич, ман ба шумо ҳавасам меояд. Дар синни 75- солагӣ, чашм нарасад, хеле ҷавону чолокед…

-Ин ҳамаш аз ҳаракат вобаста аст. Ман субҳ ба “Боғи Ирам” меравам ва он ҷо машқи пагоҳирӯзӣ мекунам. Рӯзона ҳам зиёд роҳ меравам, то 10 км. Рӯзҳои ҳавои сард либоси гарм пӯшида, гирди ҳавлӣ мегардам.

-Вақтҳои охир машғули чӣ коред?

-Чун хатмкардаи факултаи суханшиносӣҳастам, вақтҳоиохирбамашғулиэҷодам. Худиҳаминсолдукитобам “ҶангишаҳрвандииТоҷикистон: сабаб, омилваоқибатҳоион” (Нақшимақомотиамниятиҷумҳурӣдарбарқарор, ҳифзвамустаҳкамнамудани сохти конститутсионӣдарсолҳои 80-90-умиасриХХ) ва “Терроризм ва экстримизм”-ро ба нашр расонидам, ки ҳардударзаминаитаҷрибаикориихудамэҷодшудаанд. Шоҳмот бозӣ мекунам ва дар мусобиқаҳои мухталиф ширкат меварзам. Баъдан,ҳамчун фарди хушбахт дар сарзамини осоишта зиндагӣ мекунам ва ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан ҳастам.

Дар талоши нангу номус сар ба куштан медиҳам,

Зиндаам ҳоло, куҷо Меҳан ба душман медиҳам.

Дар дифои покии хокаш ки дурру гавҳар аст,

Доди ҳар бадтинатеро оқибат ман медиҳам.

-Ин мисраъҳо моли худатон аст?

-Бале. Даъвои шоирӣ надорам, шеърро дӯст медорам.

-Рафиқ генера-майор, ташаккур барои суҳбати самимӣ. Бори дигар мавлуд муборак.

-Ташаккур, дар фароварди суҳбат мехоҳам ба ҷавонон муроҷиат кунам. Истиқлоли мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои сулҳу осоиш хуни зиёде рехт, талафоти зиёде додем. Бинобар ин, ба қадри сулҳу ваҳдат барин неъмати бебаҳор расида, талош кунед, ки кишварамон обод бошад. Аз ҳар лаҳзаи умр босамар истифода баред. Зеро:

Оби дарё пас намегардад дигар,

Умри инсон ҳам намеояд зи сар.

Рас ба қадри вақт ҳоло фурсат аст,

Меравад фурсат намеёбӣ хабар.

Мусоҳиб Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.