• Mardon
  • 19.09.2019
  • 1

Наҷиб Фаҳим: Агар Масъуд зинда мебуд…

9 сентябр аз марги шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд 18 сол сипарӣ шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2001 ин Қаҳрамони миллии Афғонистон, ки дар сулҳи тоҷикон нақши носутурданӣ дорад, мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт ва дар яке аз беморхонаҳои Тоҷикистон ҷон дод.

Доир ба шахсият ва хизматҳои  Аҳмадшоҳи Масъуд суҳбате доштем бо Наҷиб Фаҳим, вазири давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиии ҶИА, ки солҳои тӯлонӣ дар паҳлуи Масъуди қаҳрамон буд…

-Шумо кай бори нахуст бо номи Аҳмадшоҳи Масъуд ошно шудед ва чӣ ангеза дод, ки ба сафи муҷоҳиддин пайвандед?

-Ман аз ҷавонии худ, ки ба солҳои 80-уми мелодӣ рост меояд, бо номи Масъуд ошно шудам. Дар он даврон Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ҳамла намуд ва кишвари моро ишғол кард. Ин боиси он гардид, ки дар Афғонистон шароити хосе ҳоким шавад: мардум озодиҳояшонро аз даст доданд, барои ақоидашон маҳкум мешуданд, теъдоде ба зиндонҳо рафтанд, бархе бидуни муҳокима дар зиндонҳо кушта шуданд ва миллионҳо нафар муҳоҷират карданд. Табиист, ки дар чунин шароит мардуми Афғонистон бо истилогарон муқовимат намудан хостанд ва силоҳ гирифта, қиём карданд.

Яке аз пешвоёни ин муҷоҳиддин дар вилояти Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки бо масъудии хеш ба як чеҳраи афсонавии ҷиҳод ва миллатхоҳӣ табдил ёфта буд. Ман низ мисли ҳазорон аз вазъи кишварам дилхун будам ва хуни ҷавониам меҷӯшиду ба ҷабҳаи Масъуд нома навишта, талаб кардам, ки маро ба сафҳои худ қабул кунанд. Аз он ҷониб ба унвони ман номаи ҷавобӣ расид, ки дар он талаб мешуд,  то таҳсиламро ба поён расонам. Ман он замон дар риштаи ҳуқуқ ва улуми сиёсӣ таҳсил мекардам. Бубинед, бо вуҷуди вазъи сиёсӣ Масъуд мехост, ки мо таҳсил кунем. Ҳамин тавр, соли 1366-и ҳиҷрӣ банда таҳсилро ба поён расонида, ба сафи муҷоҳиддин пайвастам ва яке аз ҳамсафони  Аҳмадшоҳи Масъуд шудам ва то марги ӯ дар канораш будам.

-Дар ҳайати муҷоҳиддин шуморо ба сифати разманда қабул карданд?

-Бубинед, ҷабҳае, ки Омир Соиб – мо Масъудро чунин ном мебурдем, — роҳбарӣ мекард, фақат ба ҷанг маҳдуд намешуд. Дар паҳлуи ҷанг мо фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, кашшофӣ ва робита бо мардум низ доштем. Мо — таҳсилдидаҳо бештар дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва робита бо мардум ҷалб шуда будем. Вале дар сурати зарурат силоҳ ҳам гирифта меҷангидем.

-Шӯравӣ давлати абарқудрат, бо артиш ва истихбороти боқуввват буд, вале натавонист, ки Масъудро шикаст бидиҳад. Чаро? Аз нигоҳи шумо чӣ боиси шикасти императории бузург шуд?

-Хашми мардум, ки қувваест, ҳазорон маротиба пурқудраттар аз артишҳо. Бубинед, вақте Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ворид шуд, давлати мавриди ҳимояи он бо қиёми мардумӣ мувоҷеҳ шуда буд. Давлате, ки мардум намехост, Иттиҳоди Шӯравӣ кӯшиш кард, ки бо зӯри силоҳ онро нигоҳ дорад. Вале ин имконнопазир аст. Бинобар ин, вақте Артиши сурх вориди ҷанг шуд, ин қиём ба шӯриши мардумӣ мубаддал гардид. Мардум силоҳи дуруст надошт, бо белу каланд, бо санг, бо шамшер, бо яроқи куҳна, ки аз гузаштагонашон монда буд, меҷангид. Ман ба хотир дорам, ки мардуми афғон алайҳи танкҳои Т62, Т55, ки пешрафтатарин силоҳи замон буданд, бо белу каланд баромада, онҳоро тасхир карданд. Зеро вақте шумо бо хашми мардум рӯ ба рӯ мешавед, муқовимат бефоида аст. Дар ин замина Аҳмадшоҳи Масъуд амини мардум шуд, аз манофеашон ҳимоя кард ва муҳаббаташонро ба даст овард. Ӯ иртиботи қавӣ бо ҷомеа дошт, бинобар ин, тарафдоронаш ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ намегузоштанд, ки шикаст бихӯрад. Худаш гоҳо мегуфт, ки робитаи мо бо мардум робитаи об бо моҳӣ аст. Ӯ аҳамияти робитаи наздикро бо мардумро дарк мекард.

-Умуман, Масъуд чӣ гуна инсон буд?

-Размандаи пурсалобат ва ба истилоҳ қаҳҳор буд, бо пайравон ва муҷоҳиддинаш робитаи наздик дошт, бисёр самимӣ буд. Бо ҳар нафар мувофиқи шаънаш суҳбат мекард. Агар дар муқобилаш нависанда мешуд, дар мавзӯи сиёсӣ ориф буд, дар мавриди ирфон, румоннавис буд, дар мавриди адабиёт шоир буд дар бораи Ҳофизу Саъдӣ, ҷавон мебуд бо танзу шӯхӣ суҳбат мекард, ҳамеша чеҳраи кушода ва хандон дошт. Бо размандагонаш даври як суфра менишаст ва ғизои якхела мехӯрд, табақаш ҳеҷ ҷудо набуд, ҳаёти атрофиёнаш барояш арзиш дошт. Вақте амалиёти ҷангиро идора мекард, ҳамеша таваҷҷуҳаш ба размандагонаш буд. Агар медид, ки ҳамин амалиёт бо талафоти бештари ҷонибдоронаш меанҷомад, аз он даст мекашид. Зимни амалиёт низ ҳамеша мувозиби онҳо буд, аз вазъи силоҳу аслиҳа, либосу озуқаи онҳо огоҳ мешуд. Душвортарин амалиётро мисли қумандонҳои дигар, назорат на, балки худ ширкат ва идора мекард. Агар афсаронаш ҳатто амалиётҳои майдаро ҳам муваффақ пушти сар мекарданд, ба наздашон ҳозир мешуд ва ҳамеша дар паҳлуяшон буд. Бар ивази ҳамаи ин онҳо ба ӯ содиқ буданд ва барои як ваҷаб замини Афғонистон то ба охир мубориза карданд. 

-Вақте Артиши Шӯравӣ Афғонистонро тарк мекард, рӯҳияи Масъуд чӣ тавр буд?

-Мутаассифона, доктор Наҷибуллоҳ роҳбари вақти Афғонистон, ки Артиши сурх пуштибони ҳукумати ӯ буд, талаб кард, ки қабл аз ихроҷ неруҳои шӯравӣ зарбаҳои сахттаринро ба душмани асосии ӯ Аҳмадшоҳи Масъуд ворид кунед. Генералҳои шӯравӣ ибтидо зид мебароянд, мегӯянд, ки агар мо баромаданӣ бошем, пас чӣ зарурат аст, ки тирҳои охирини худро ҷониби Масъуд шиллик кунем? Аммо бо исрори Наҷиб русҳо охирин амалиётҳои худро анҷом доданд. Дар яке аз ин муҳорибаҳо, дар Соланг, шоҳроҳе, ки Кобулу Панҷшерро ба шимоли Афғонистон пайваст мекард, ҳамлаи шадиде сурат гирифт ва зиёда аз 1200 нафар бо шумули мардуми осоишта қатл шуданд… Дар ин давра Омир Соиб аз вилояти Панҷшер берун шуда буд… Бо вуҷуди ин нуфузи Масъуд густариш ёфт ва худи ӯ воқеъбиниро аз даст надод. Зеро ҳарфҳое ҳам буданд, ки баъди баромадани шӯравӣ ҳукумати бозмонда шикаст мехӯрад, зеро муқовиматҳо зиёд буданд, аммо Масъуд медонист, ки ин имконпазир нест ва воқеан ин ҳукумат сеюним соли дигар идома кард. 

-Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамсоягии Афғонистон  давлати мустақили Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки зуд ба ҷанг печид. Аҳмадшоҳи Масъуд ба тақдири кишвар ва миллати мо чӣ назар дошт?

-Шумо хуб медонед, ки дар даврони ҷанги Тоҷикистон вазъи Афғонистон ҳам хуб набуд.  Бо вуҷуди ин Аҳмадшоҳи Масъуд ва доктор Бурҳониддини Раббонӣ талош карданд, ки лоақал бародарони мо – тоҷикистониён тақдири моро пушти сар накунанд. Масъуд дар мавриди Тоҷикистон зиёд андеша мекард, мухолифини тоҷикро, ки наздаш меомаданд, насиҳат мекард, ки силоҳашонро бигузоранд ва даст барои сулҳ бидиҳанд.

Шумо медонед, ки дар ҷанги Тоҷикистон ҳазорон нафар ба шимоли Афғонистон паноҳ бурданд. Масъуд ва Раббонӣ ҳеҷ гоҳ талош накарданд, ки аз ҳузури муҳоҷирон ба манофеи худ истифода баранд, мисле ки кишварҳои ҳамсояи мо аз гурезаҳои мо суйистифода мекунанд.

Борҳо дар вохӯриҳо шунидаам, ки Масъуд мегуфт, сарнавишти Тоҷикистон набояд мисли мо шавад ва барои ин тиалош мекард. Чун тоҷикон ба сулҳ расиданд, ҳам Омир Соиб ва ҳам шаҳид Раббонӣ хеле хурсанд буданд. Зеро онҳо коре, ки дар Афғонистон натавонистанд ба он даст ёбанд, лоақал заррае барои Тоҷикистон карданд, яъне дар сулҳ саҳм гирифтанд.  Ман хеле хурсандам, ки мардуми Тоҷикистон эшонро фаромӯш накардаанд ва дар ҳар маврид аз эшон ёд мекунанд.

-Фавти Аҳмадшоҳи Масъудро ёд доред?

-Бале, ман он вақт бо як супориш дар дигар минтақа қарор доштам. Рӯзи  9 сентябр хабар расид, ки дар шимол, дар Тахор Омир Соиб мавриди ҳамалаи террористӣ қарор гирифт. Ибтидо наздикони ӯ нахостанд, ки марги ӯ расонаӣ шавад, зеро вазъ муташанниҷ буд, аммо… ҳақиқати талх чунин буд…

-Фикр мекунед, ки агар Масъуд зинда мебуд, вазъи Афғонистон имрӯз чӣ гуна буд?

-Албатта, на он гунае, ки ҳозир ҳаст… Барои Афғонистони имрӯз Аҳмадшоҳи Масъуд ва шаҳид Раббонӣ беш аз пеш лозиманд, зеро дирояте ки дар эшон буд, моро, мардуми моро умедвор мекард. Ҳоло чӣ? Вазъро хуб медонед…

Мусоҳиб Одил Нозир, “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Ahmad:

    Khudovand joyatro janat kunad!Ahamadshoh Masud yak Tojik zaboni haqiqu bud!Burhoniddin Raboni niz yak Olimi shahidi nobiga bud!Ruhaton shod bod!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner