Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигарониҳо дар бораи хушунати ақалиятҳо дар Шинҷон

Элис Уэллс, як масъули вазорати хориҷии ИМА аз хабарҳо дар бораи хушунати ҷинсӣ нисбати ақалиятҳои уйғур ва қазоқ дар вилояти Шинҷони Чин амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Ин мақомдорои ИМА аз Пекин даъват кард, ки «ҳамлаи бераҳмона ба ҳуқуқи инсон ва озодии виҷдон»-ро қатъ кунад.

Уэллс дар саҳифаи Твиттер мақолаи нашрияи Washington Post-ро бознашр кард, ки дар он суханҳои занони қазоқтабори сокини Шинҷон оварда шудааст. Қазоқтаборон, ки сарфи назар аз монеаҳои давлати Чин билохира ҳудуди он кишварро ба қасди Қазоқистон тарк карданд, аз хушунатҳое нақл карданд, ки нисбати онҳо дар Чин раво дида шудааст. Гулзира Могдини 38-сола, яке аз он занон, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ дорад, мегӯяд, дар Шинҷон тифли батнашро иҷборан исқот кардаанд.

Он занон гуфтаанд, ки дар «урдугоҳҳои бозтарбия»-и Шинҷон муҳофизон занони ҷавонро таҷовуз мекунанд.

Расонаҳо аз мавҷудияти урудгоҳҳои Шинҷон аз соли 2017 ба ин тараф хабар медиҳанд. Расонаҳои Ғарб менависанд, ки дар ин урдугоҳҳо ақалиятҳои қавмӣ, аз ҷумла уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, тоторҳо ва ғайра, ки пайрави ислом ҳастанд, нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои СММ, дар соли 2018 дар урдугоҳҳои мазкур бештар аз 1 миллион одам нигаҳдорӣ мешуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.