• Mardon
  • 08.08.2019
  • 0

Отамбоев: Ба самти халқи худ тир напарронед!

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон талоши неруҳои амниятӣ барои боздошташро “ғайриқонунӣ ва ғайриконститутсионӣ” арзёбӣ кардааст.

Шаби гузашта аз тариқи шабакаи “Апрел” баёнияи Отамбоев пахш шуд, ки вай аз мақомот ва неруҳои амниятӣ даъват кард, ки ба сӯйи мардуми худ тирандозӣ накунанд.

“Ман борҳо баёноти хаттӣ додаам. Вакили мудофаи ман Сергей Слесаров бо посухҳои ман ба ВКД рафтааст. Омодаам ба ҳамаи саволҳо посух диҳам. Зеро ман дар фасод даст надорам. Дар ин бора Сооронбой Жээнбеков ҳам медонад”-гуфтааст вай.

Зимнан, нерӯҳои вижаи Қирғизистон рӯзи 7 август барои боздошти президенти пешин Алмосбек Отамбоев ба хонаи ӯ дар деҳаи Кой-Тош, канори Бишкек, рафтанд. Тарафдоронаш раиси ҷумҳури собиқро иҳота карда, монеи амалкарди нерӯҳои махсус шуданд.

Ба нерӯҳои вижа муяссар нашудааст, ки Отамбоевро дастгир кунанд. Вале дар ҷараёни амалиёти боздошти ӯ, ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, беш аз 30 нафар захмӣ гардидаанд. Як афсари нерӯҳои амниятӣ ҷон бохтааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шоми 7-уми август дар изҳороте гуфт, амалиёти боздошти Отамбоевро нерӯҳои вижаи ин ниҳод ба ӯҳда доштанд. Мақомоти Кумитаи амният гуфтаанд, дар ҷараёни амалиёт на аз силоҳи ҷангӣ, балки тирҳои резинӣ истифода кардаанд. Аммо аз дохили ҳавлии Отамбоев, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тирандозӣ сурат гирифтааст.

Тарафдорони Отамбоев амалиёти талош барои боздошти раиси ҷумҳури пешинро ба навор гирифта ва дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” пахш карданд. Онҳо иддао доранд, ки неруҳои амниятӣ аз силоҳи оташфишон истифода кардаанд.

Ба ҳангоми амалиёти неруҳои амниятӣ Абдил Сегизбоев, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллли Қирғизистон, ки дар манзили Отамбоев қарор дошт тавассути тири резинӣ захмӣ шудааст.

Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Вай барои ба сари қудрат омадани президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков кумак кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва порлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масуният, иқдом карданд. Вай гуфтааст, то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол — аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner