• Mardon
  • 09.08.2019
  • 0

Отамбоев ду ҳафтаро дар СИЗО мегузаронад

Бар асоси қарори суди ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон то 26 август дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Отамбоев дар содир кардани ҷиноятҳои ҳамдастӣ дар ҷиноят (моддаи 43, қисми 2) ва фасод (моддаи 319, қисми 2) гумонбар аст.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон барои ғайриқонунӣ озод кардани ҷинояткори маъруф Азиз Батукаев дар соли 2013 муттаҳам шудааст.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 8 август дар манзилаш дар деҳаи Кой-Тош аз ҷониби неруҳои амниятии Қирғизистон боздошт шуд.

Амалиёти нахустин барои боздошти Отамбоев дар рӯзи 7 август нобарор анҷом ёфт. Дар ҷараёни ин амалиёт 1 сарбози неруҳои амниятӣ кушта ва аз ҳар ду ҷониб 52 нафар захмӣ шуданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner