• Mardon
  • 04.07.2019
  • 0

Отамбоев: Умри ин ҳукумат кӯтоҳ аст

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар гирдиҳамоии тарафдоронаш эълон кардааст,ки дар зудтарин фурсат ҳукумати феълӣ дар ин кишвар суқут хоҳад кард.

Вай ин иддаоро рад кардааст, ки Отамбоев бар хотири ба даст овардани қудрат мардумро ҷамъ мекунад.

Отамбоев гуфтааст, ки аз умри ҳукумати ҳозираи Қирғизистон ду ё се моҳ боқӣ монда ва то тирамоҳ  аз байн хоҳад рафт.

“Аммо ман барои расидан ба қудрат талош намекунам, бароям беҳтар аст, ки дар зодгоҳам Кой-Тош истироҳат карда, фаъолияти  ҳукумат, президент ва парлумонро танқид кунам”-гуфтааст вай.

27 июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон мақоми дастнорасии Алмосбек Отамбоев ҳамчун президенти собиқро бекор карда ва барои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ имкон фароҳам овард, ки нисбати вай парванда боз кунанд.

Прокуратураи генералии Қирғизистон гуфтааст, ки Алмосбек Отамбоев дар замони президентиаш ба ҷиноятҳои сангин даст задааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner