• Mardon
  • 07.05.2019
  • 0

Пешниҳоди зиёиёни ӯзбек: Ба забони русӣ мақоми давлатӣ дода шавад

Дар ҷараёни дидори вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Ӯзбекистон дар ҳафтаи гузашта ҳудуди 20 тан аз намояндагони зиёиёни русзабон пешниҳод карданд, ки дар Ӯзбекистон ба забони русӣ мақоми расмӣ дода шавад.

Ин муроҷиати зиёиён, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии Интернет нашр шуд, таблиғоти Кремл унвон гирифт. Ташаббуси мазкур дар чорабинии бахшида ба 25-солагии Маркази фарҳанги русӣ дар шаҳри Тошканд рӯ зад ва масъулияти ҷамъоварии имзоҳоро рӯзноманигор Аъло Хоҷаев ба дӯш гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Солеҳ, шоир ва чеҳраи саршиноси сиёсии ӯзбек, ки дар ғурбат ба сар мебарад, додани мақоми давлатӣ ба забони русиро зарбаи сахт ба истиқлоли Ӯзбекистон унвон кардааст.

Вай дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст: “Ҳатто диктатор Ислом Каримов, ки худ русзабон буд, аз додани мақоми давлатӣ ба забон русӣ худдорӣ карда буд. Вай дарк карда буд, ин иқдом метавонад боиси афзоиши мудохилаи Русия ба умури дохилаи Ӯзбекистон шавад. Ҳоло Мирзиёев кореро мекунад, ки оқибат ба истиқлоли Ӯзбекистон зарбаи сахт хоҳад зад”.

21 октябри соли 1989 Шӯрои олии Ӯзбекистони Шӯравӣ ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дод.

Дар Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатро дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner