• Mardon
  • 20.09.2019
  • 0

Прокурори генералии собиқ дубора ба боздоштгоҳ мунтақил шуд

Додситони кулли пешини Ӯзбекистон Отабек Муродов, ки дар ҳабси хонагӣ буд, 18 сентябр дар доираи парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев ба бозпурсӣ даъват шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ мемонад.

Дар ин бора як манбаи наздик ба рафти тафтишот хабар дод. Намояндаи расмии маъмурияти президенти Ӯзбекистон низ иттилоъро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳукми ҳабси хонагии Отабек Муродов тағйир дода шудааст. Як манбаи наздик ба Вазорати адлияи Ӯзбекистон гуфт, Муродовро 19 сентябр аз идораи тафтишотии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон ба боздоштгоҳи муваққатии ин ниҳод бурдаанд.

Худи Отабек Муродови 44-сола дар «Сӯистифода аз мақом», «Порагирӣ» ва «Порадиҳӣ» айбдор мешавад. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон пештар дар як ҷаласа хабар дод, ки нисбати Отабек Муродов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Инро чи хел фаҳмем? Ба маҳзи он ки мансаб мегиранд, тағйир меёбанд. Аз додситонҳои вилоятӣ то 100-150 ҳазор доллар пора талаб мекунанд. Ҳамаи кормандони додситонӣ ва андоз порахӯранд. Ман дар ин бора огоҳӣ дорам. Ман ба Муродов эътимод доштам», — гуфт Мирзиёев.

Президент афзуд, ҳамаи роҳбароне, ки нисбаташон парванда боз шудааст, муҷозот хоҳанд шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner