Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Reuters: Зеленский бо Путин дар Қазоқистон мулоқот мекунад

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон пешниҳод кард, ки омода аст, мулоқоти роҳбарони Русияву Украинаро ташкил кунад.

Назарбоев мегӯяд, вай то кунун розигии Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои мулоқот дарёфт ва дар ин бора ба Владимир Путин, президенти Русия хабар додааст. Киеву Москва ин иттилоъро шарҳ надодаанд.

«Ман ризоияти Зеленскийро барои мулоқоти як ба як дарёфт кардам ва дар ин бора ба президенти Русия хабар додам. Агар майдони бетарафе зарур бошад, ман Қазоқистонро пешниҳод кардам», — менависад Reuters аз қавли Назарбоев.

Вадим Пристайко, вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, Зеленский дар талоши сохтани муносибатҳое бо Русия аст, ки баъди он дар хоки Украина дигар одамон кушта нашаванд.

Қатъи ҷанг дар Донбасс яке аз ваъдаҳои интихоботии Владимир Зеленский буд. Моҳҳои охир Киев дар талоши баргузории «Нишасти Нормандӣ» аст. Украина бо ташкили нишасти Нормандӣ мехоҳад, низоъро танзим кунад, аммо санаи баргузории нишасти эҳтимолӣ то кунун дақиқ нашудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.