• Administrator
  • 01.02.2018
  • 0

Рустам Иноятов мушовири президент таъйин шуд

Рустам Иноятов, раиси пурнуфузи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон, ки ахиран аз мақом барканор шуд, мушовири давлатии президенти ин кишвар дар умури масоили сиёсиву ҳуқуқӣ таъйин гардид.

Дар бораи аз мақом барканор шудани Иноятов, ки сар аз соли 1995 то кунун хадамоти амниятро роҳбарӣ мекард, 31 январ фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев содир шуд. Ихтиёр Абдуллоев — додситонӣ ин кишвар ба курсии раисии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон нишаст.

Рустам Иноятов, ки яке аз пурнуфузтарин чеҳраҳои Ӯзбекистон аст, «меросбар»-и курсии Ислом Каримов — президенти пешини ин кишвар — дониста мешуд. Баъди он ки охири моҳи августи соли 2016 бемории Ислом Каримов расонаӣ шуд, Иноятов яке аз се номзаде буд, ки меросбари Каримов ном бурда мешуданд.

Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон дар даврони Иноятовро яке аз пурқудраттарин ва пӯшидатарин ниҳодҳои интизомии ин кишвар меноманд.

Иноятов аз ҳозир шудан дар мазҳари ом худдорӣ мекард ва ҳамеша дар соя қарор дошт. Бисёре аз сокинони Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки маҳз вай тавонист, садди роҳи Гулнора Каримов — духтари Ислом Каримов шавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner