• Mardon
  • 09.08.2019
  • 0

Самарқанд мизбони музокироти миёни афғонҳо?

Ҷунбиши Толибон аз пешниҳоди баргузории музокироти навбатии миёни афғонҳо дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон пуштибонӣ кард.

Ин мавзӯъ рӯзи 8 август дар ҷараёни дидори ҳайати Ҷунбиши Толибон ба раҳбарии Бародар Охунд, масъули дафтари сиёсии Толибон дар шаҳри Доҳаи Қатар бо масъулони Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон матраҳ шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон ва оташбаси доимӣ миёни гурӯҳҳои даргир дар ин кишвар таъкид кардаанд.

Ҳайати Толибон ба Ҳукумати Ӯзбекистон барои миёнҷигарии дар ҳалли низоъ дар Афғонистон ибрози сипос кардааст.

Ахиран ҳайати Толибон дар шаҳри Доҳа бо Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон масоили сулҳи Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ҷунбиши Толибон аз музокироти мустақим бо ҳайати давлати Афғонистон сарпечӣ карда ва ин ҳукуматро «бозичаи дасти Амрико» хондааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner