• Mardon
  • 29.08.2019
  • 0

Сарбоз қурбони сарбозозорӣ шуд

Овезалӣ Экаев, сарбози 18-солаи артиши Туркманистон, ки рӯзи 20 август кушта шуд, қурбони муносибатҳои ғайриоинномавӣ шудааст.

Намояндагони мақомоти низомӣ, ки ҷасади Овезалӣ Экаевро ба наздиконаш дода буданд, сабабҳои марги ӯро шарҳ надоданд. Экаев моҳи майи соли ҷорӣ ба артиш даъват шуд. Вай аз сиҳатиаш шикоят надошт.

Хешовандони сарбози фавтида гуфтанд, дар ҷасади вай нишонаҳои зиёди хушунатро мушоҳида кардаанд. «Чанд қабурға ва косахонаи сараш шикаста буд», — гуфт наздикони вай.

Дар ин бора дар артиши Туркманистон чораҷӯӣ шудааст. Чанд сарбоз боздошт ва бархе аз афсарон ба минтақаҳои дигар ирсол шудаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner