• Mardon
  • 25.06.2019
  • 0

Швейтсария 133 миллион доллари Гулнора Каримоваро ба Ӯзбекистон бармегардонад

Додситонии кулли Швейтсария 24 июн хабар дод, ки 133 миллион доллари аз суратҳисоби Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мусодирашударо ба Ӯзбекистон таслим мекунад.

«Дар доираи пажуҳиши печидаи ҷиноӣ, ки шаш сол инҷониб давом дорад, додситонии кул низоми ғайриқонунии аз ширкатҳои хориҷӣ дарёфти ҳаҷми калони маблағеро ошкор кард, ки мехостанд барои ворид шудан ба бозори Ӯзбекистон пардохт кунанд. Дар доираи ин низом, маблағҳо ба хориҷ, пеш аз ҳама ба Швейтсария фиристода мешуданд. Дар доираи пажуҳиш, 133 миллион доллари ҳабсшуда, ба Ӯзбекистон ирсол мешавад», — хабар медиҳад додситонии кулли Ӯзбекистон.

Додситонии федеролии Швейтсария, дар доираи парвандаи ҷиноие, ки соли 2012 боз карда буд, наздики 784 миллион доллари Гулнора Каримоваро ба ҳабс гирифт. Дар ибтидо ҳукумати Ислом Каримов ҳам талош карда буд, ки ин маблағро ба Ӯзбекистон баргардонад.

Дар ҳоли ҳозир Гулнора Каримова дар зиндони Зангиотаи Ӯзбекистон адои ҳукм мекунад. Вай ахиран аз президент Шавкат Мирзиёев дархости авф кард.

Вай аз вазъи бади сиҳатиаш шикоят карда, ваъда додааст, ки даъвои $686 миллионеро нахоҳад кард, ки дар хориҷ нигаҳ медорад.

Муроҷиати Каримоваро духтараш Имон Каримова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Каримова ҳамзамон хабар дод, ки дороии ӯро мусодира кардаанд. «Ман мехоҳам эълом кунам, то кунун дороии шахсии ман, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон буд, аз ман гирифта шуда ва барои буҷаи кишвар даромад меоранд», — навиштааст вай.

Вай навиштааст, ки дар бонкҳои хориҷӣ маблағи дигар дорад, аммо даъвои соҳиб шудани онро нахоҳад кард.

«Дар ҳоли ҳозир маро вазъи сиҳатиам нигарон кардааст. Ман бояд ду ҷарроҳӣ гирам, ба ҳамин хотир ба президент муроҷиат мекунам», — шарҳ медиҳад вай.

Пештар аз ин вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова Грегуар Манжа хабар дода буд, ки вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояи вай бад аст ва ба кумаки тиббӣ ниёз дорад.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner