• Mardon
  • 11.10.2019
  • 0

Таҳдид Эрдуғон: Марзҳоро ба рӯи паноҳандагон ба Аврупо боз мекунем

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои арабие интиқод кард, ки ҳамлаи артиши Туркияро ба Сурия маҳкум карда буданд.

Дар як муроҷиати телевизионӣ вай Иттиҳоди Аврупоро огоҳ кард, ки дар сурати амалиёти Туркияро расман ғайриқонунӣ эътироф кардан, кишвараш метавонад марзҳояшро боз кунад ва бештар аз 3 миллион паноҳандаи Сурияро ба Аврупо роҳ диҳад.

Вай ҳамчунин президенти Миср Абдулфаттоҳ Сисиро танқид ва «қотили демократия дар кишвараш» номид. Эрдуғон Арабистони Саудиро дар марги мардуми осоиштаи Яман айбдор кард.

Эрдуғон амалиёти неруҳояшро дар Сурия «мубориза бо терроризм» унвон кард. Вай гуфт, дар як шабонарӯзи амалиёти низомии артиши Туркия бештар аз 100 узви гуруҳҳои мусаллаҳи курд кушта шудааст, ки Туркия онҳоро террорист медонад. Эрдуғон афзуд, ҳамаи вазифаҳои рӯзи аввали амалиёт иҷро шудаанд. Низомиёни турк пештар аз ин гуфтанд, амалиёти заминиро шуруъ ва бештар аз 10 минтақаи аҳолинишинро ишғол кардаанд.

Намояндагони фармондеҳии курдҳо гуфтанд, артиши Туркия талафот додааст.

Туркия амалиёти низомиашро дар шимолу шарқи Сурия рӯзи чаҳоршанбеи 9 октябр оғоз кард. Чанде аз кишварҳои дунё амалиёти Туркияро маҳкум карданд. Дар ИМА сенаторҳо зидди Анқара таҳрим таҳия доранд. ИМА мегӯяд, курдҳо дар мубориза бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ҳампаймони муҳими Амрико буданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner