• Mardon
  • 02.07.2019
  • 0

Таҷлил аз зодрӯзи Президент: аввал дуо баъд консерт

Дар Туркманистон аз зодрӯзи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури ин кишвар бо қироати оёти Қуръон, консерт, саҳнаҳо аз рӯи китобҳои ӯ ва иҷрои сурудҳояш таҷлил гардид.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 12 соли ахир раҳбари Туркманистон аст, рӯзи 29 июн ба синни 62-солагӣ расид.

Бино ба гузориши расонаҳои давлатӣ, маросимҳои ҷашнӣ нахуст дар масҷиди “Ҳоҷӣ Гурбонгулӣ” дар шаҳри Марв шурӯъ шуда ва муфтӣ дар мавъизааш ба президент саломатию “нигаҳбонӣ аз балоҳо” таманно карда ва “бо расидан ба синни пайғомбар” муборак гуфт.

Ин масҷид пас аз ба қудрат расидани Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардид.

Сипас, дар тамоми шаҳрҳои Туркманистон маросимҳои ҷашнӣ бо ҷалби кормандони давлатӣ ва мактаббачаҳо баргузор шуданд.

Дар театри миллии мусиқию драмавии Туркманистон ба номи Махдумқулӣ намоишномаи “Бинят” аз рӯи китоби Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов “Туркманистон-қалби Роҳи Бузурги Абрешим” анҷом шуд.

Дар саҳнаҳои чорабиниҳои оммавии ҷашни зодрӯзи президент ҳазорҳо нафар аз кормандони давлатӣ, донишҷӯёну мактаббачаҳо иҷборан ҷалб шуда ва онҳо аз 10 то 13 соат дар ҳавои тасфон, бидуни обу ғизо ва истироҳат ширкат доштанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner