Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақозо барои аз ҳабс озод шудани Отамбоев

Вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар мурофиаи нахустини парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев аз додгоҳ хостанд, ки шахси зери ҳимояи онҳоро аз ҳабс озод кунад.

Ба иттилои вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Замир Жоошев, додгоҳ ҳар дуи дархостҳоро рад кард. Додситон Медербек Абдишев гуфт, ҳукми ҳабси гумонбар дар ҳоле тағйир дода мешавад, ки вазъи сиҳатии ӯ бад шавад ва табибон онро тасдиқ кунанд.

Жоошев гуфт, мурофиаи навбатӣ 16 октябр баргузор ва дар он масъалаи бекор кардани муҳри махфии яке аз ҷилдҳои парванда баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҷилди мазкур баёноти Шамил Атаханов ва як табиб аст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 15 октябр баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаевро бе иштироки Отамбоев оғоз кард. Пештар мурофиа ду бор ба далели ҳозир нашудани Отамбоев ба додгоҳ ба таъхир гузошта шуданд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.