• Mardon
  • 17.09.2019
  • 0

Таркиш дар вохӯрии қаблазинтихоботии Ашраф Ғанӣ

Бар асари таркиш дар ҳамоиши қаблазинтихоботии Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон 24 нафар кушта ва 31 нафар захмӣ шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, рӯзи 17 сентябр таркиш дар шаҳри Чорикори вилояти Парвон, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул замоне рух дод, ки Ашраф Ғанӣ барои суханронӣ омодагӣ мегирифт.

Бар асари ин ҳодиса раиси ҷумҳури Афғонистон осеб надидааст.

Ба гуфтаи Абдулқосим Сангин, сардухтури бемористони маҳаллӣ, бештари кушташудагон ва захмиён афроди ғайринизомӣ, аз ҷумла, занону кӯдаконанд.

То ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаи худкушро ба ӯҳда нагирифтааст.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз дар шаҳри Кобул таркише рух дод, ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд.

Ҷунбиши Толибон қаблан аз сокинон даъват карда буд, ки ба манзури осеб надидан аз ҳамалоти ин гурӯҳ аз ширкат дар ҳамоиши қаблазинтихоботии номзадҳои интихоботи президентӣ худдорӣ кунанд.

Интизор меравад, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон рӯзи 28 сентябр баргузор шавад. Дар ин интихобот Ашраф Ғанӣ барои интихоби дубора ба мақоми президентӣ мубориза мебарад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner