• Mardon
  • 10.06.2019
  • 1

Тоқаев президенти Қазоқистон интихоб шуд

Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи қабл аз муҳлати президентии Қазоқистон бо касби 70 дарсади овозҳо раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб гардид.

Дар ин интихобот, ки рӯзи 9 июн баргузор гардид,  нахустин зани номзад ба мақоми президентии Қазоқистон ва вакили порлумони ин кишвар аз Ҳизби «Оқ жол» (“Роҳи сафед”) -Дания Еспаева, 5 дарсади раъйи мардуми кишварашро ба даст овард. Номзадҳои дигар аз як то чаҳор дарсадӣ овоз гирифтаанд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон,  мизони ширкати шаҳрвандон дар интихоботи президентӣ 77 дарсадро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултони он кишвар тазоҳуроти эътирозӣ анҷом шуда ва наздики 500 одам ба идораи пулис бурда шудааст.

Миёни боздоштшудаҳои рӯзи 9-уми июн, кормандони расонаҳо ҳам ҳастанд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон  дар сӯҳбати телефонӣ Қосимҷомарт Тоқаев,президенти тозаинтихоби Қазоқистонро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Бечора:

    Пешакӣ маълум буд. Аммо дар Украина интихобот шаффоф гузашт.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner