Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Юрий Лужков, раиси пешини Маскав даргузашт

Юрий Лужков, раиси собиқи шаҳри Маскав имрӯз, 10 декабр дар синни 84-солагӣ вафот кард.

Шабакаи телевизиони РЕН ТВ хабар дод, ки Лужков пас аз ҷарроҳии қалб дар бемористони шаҳри Мюнхени Олмон аз дунё рафтааст.

Вай солҳои ахир дар дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекард.

Юрий Лужков 21 сентябри соли 1936 дар шаҳри Маскав чашм ба олам кушод.

Аз моҳи июни соли 1992 то 28 сентябри соли 2010, яъне муддати 18 сол раиси шаҳри Маскав буд. Соли 2010 Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури вақти Русия ӯро “ба далели аз даст додани эътимод” аз мақомаш барканор кард.

Пас аз сабукдӯш шудани Лужков як муддат дар шаҳри Калининград ҳамроҳи ҳамсараш Елена Батурина, соҳибкори маъруф ба соҳибкорӣ машғул шуда ва баъдан ба Аврупо рафт.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.