Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯзбекистон шомили Шӯрои туркон шуд

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон қонун «Дар бораи қабули Созишномаи Нахчиван оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон»-ро имзо кард.

Шӯрои туркон моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд.

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия 13 сентябр хабар дода буд, ки Ӯзбекистон тасмим дорад, ба Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон шомил шавад.

Роҳбарияти Ӯзбекистон, яке аз шаш кишвари туркзабони ҷаҳон, то соли 2018 дар ҳеч кадом аз мулоқотҳои сатҳи олии кишварҳои туркзабон ширкат накарда буд.

Дар саммити Шӯро дар Чолпон-Отаи Қирғизистон рӯзи 3 сентябри соли 2018 Шавкат Мирзиёев ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.