• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 11.03.2019
  • 0

Худкушии хонандаи мактаб

Шаби 6 март дар ҷамоати ба номи Нӯъмон Розиқ як хонандаи синфи 9 худкушӣ кардааст. Комрон, ки дар тарбияи модари танҳояш қарор дошт ва дар мактаби рақами 47 таҳсил мекард, соати тақрибан шаши бегоҳ вориди аловхона шуда, худро бо банд овехтааст.Наздиконаш замоне аз ин ҳодиса хабар ёфтанд, ки Комрон алакай ҷон дода буд.Падару модари Комрон ҷудо шуда буданд ва модараш тарбияи ӯро ба дӯш дошту барои таъмини рӯзгорашон ҳар сол ба Русия мерафт. Ин модари танҳо аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия як сол пеш тавонист билохира як порча замин харида, хона бисозад. Ахиран ӯро аз русия ихроҷ карда, аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум карданд ва ин зан дигар дар деҳааш дӯзандагӣ мекарду рӯзгори оилаашро аз ҳамин ҳисоб пеш мебурд.Дар бораи сабаби худкушӣ кардани Комрон ҳамдеҳагонаш изҳори бехабарӣ мекунанд. Ӯ ягон паёми пеш аз марг низ боқӣ нагузоштааст, ки сабаби худкушиашро рӯшан кунад.Дар як ҳафтаи охир ин алакай дуюмин мавриди худкушии наврасон дар Ваҳдат будааст.Ҳафтаи гузашта аз бинои 9-қабатаи рӯбарӯи шаҳрдории Ваҳдат як духтари хонадаи синфи 11 худро ба замин партофт. Аммо он қазияро ҳамчун ҳодисаи нохуш унвон карданд.Ҳамин тавр, моҳи гузашта дар ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунов як ҷавонмарди 29-солаи соҳиби ду фарзанд худро ба дор овехт. Дар бораи сабабҳои қасди ҷони худ кардани он ҷавон низ иттилое ба даст нарасидааст.Ҳар сол дар Тоҷикистон то 400 нафар қасди ҷони худ мекунанд. Бино ба оморҳо, тақрибан панҷяки онҳоро наврасону ноболиғон ташкил медиҳанд.Хушунат ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, рӯҳафтодагӣ ва яъсу навмедӣ аз сабабҳои аслии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner