Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маҳмадшоҳ Гулзода: Муҳассилини мо табибони сатҳи ҷаҳонианд

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 80-сола шуд.  Дар давоми 80 соли мавҷудият ин боргоҳи илму маърифат зиёда аз 42 ҳазор нафар табиб омода намудааст, ки наздики 10 ҳазорашон шаҳрвандони хориҷӣ  аз  37 давлати  дунё  мебошанд. Дар арафаи 80-солагии ин даргоҳи ворисони Сино бо ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ суҳбате анҷом додем.

-Муҳтарам Маҳмадшоҳ Гулзода, воқеан Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳоло яке аз муассисаҳои олии бонуфузи тиббӣ дар манотиқи Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Имрӯз донишгоҳ то кадом андоза рисолаташро иҷро менамояд?

-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо истифода аз потенсиали кадрии худ дар барқарорсозии солимии аҳолӣ ҳамеша саҳми босазо дорад. Дар аксар маврид дастовардҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба фаъолияти донишгоҳ иртиботи бевосита мегирад. Бинобар ин, дар тӯли 80 соли фаъолият қисмати бештари сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби профессорону омӯзгорони донишгоҳ таъин карда мешаванд. Кумак ба тибби амалӣ на танҳо дар муассисаҳои табобатии дар пойтахт ҷойгирифта, инчунин дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тариқи авиатсияи санитарӣ ва иштирок дар «Корвони саломатӣ» амалӣ карда мешавад.  Ҳоло дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ 430  нафар  омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 60 нафар докторони илмҳои тиб ва 170  нафар номзадҳои илм мебошанд. Устодони кафедраҳои донишгоҳ ба ҳисоби миёна солона ба зиёда аз 50 ҳазор ниёзмандони кумаки ташхисию табобатӣ, машваратӣ ва зиёда аз 12 ҳазор амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ мегузаронанд.

Ҳамасола донишгоҳро зиёда аз 450 нафар интернаҳо, зиёда аз 100 нафар ординаторони клиникӣ хатм менамоянд ва барои фаъолияти корӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар равон карда мешаванд. Дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ бошад, ҳамасола аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 500-550 нафар табибон сатҳи дониши назариявӣ- амалии худро баланд мебардоранд.

-Тавре ба мушоҳида мерасад, сол ба сол теъдоди донишҷӯёни донишгоҳ майли афзоиш доранд. Сабаб чист? Зимнан, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ имрӯз чанд нафаранд?

-Ҳоло дар донишгоҳ 664 нафар устодони доимӣ ва 202 нафар ҳамкорони беруна ба таълиму тарбияи ворисони ояндаи Сино машғуланд. Теъдоди докторони илм бошанд, 85 нафар ва номзадони илм 234 нафарро ташкил медиҳанд.Дар давоми 11 соли охир шумораи қабули донишҷӯён ва хатмкунандагон зиёд карда шудааст ва  ин даргоҳи бузург тавонист, ки  дар ин давра 13 ҳазору 153 нафар мутахассисонро тайёр намояд. 30,6% аз шумораи умумии хатмкардагони донишгоҳро аз давраи таъсисёбиаш ташкил медиҳад ва  аз ин миқдор 648  нафар донишгоҳро бо  дипломи “аъло” хатм карданд.Ҳоло хатмкардагони ватании донишгоҳ на фақат дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз қаламрави он, дар зиёда аз 42 давлати дунё низ бомуваффақият кору фаъолият мекунанд.

-Таваҷҷуҳ ба духтарони деҳот дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар 10 соли охир тибқи Квотаи президентӣ чанд нафар таҳсил карданд?

-Дар 11 соли охир  ба донишгоҳ 1569 нафар донишҷӯён тибқи Квотаи президентӣ қабул  шуданд, ки донишгоҳро 1201 нафар хатм кардаанд. Ҳоло дар донишгоҳ тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, фармасевтӣ мавҷуд аст. Раванди таълим аз рӯйи 5 стандарти ихтисоси таҳсилоти олии касбии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқкунонидашуда ва 5 нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи 39 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ — таҳсил дар зинаи ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, Phd, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Аз соли 2006 таҳсил дар донишгоҳ бо 3 забон – забони давлатӣ, забони русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

-Мегӯянд, ки дар донишгоҳ баҳогузорӣ тариқи журналҳои электронӣ сурат мегирад. Моҳияти онро шарҳ диҳед, ҳадаф аз ҷорӣ намудани он чист?

-Дар донишгоҳ аз соли нави таҳсили 2019 раванди баҳогузории таълим тариқи журналҳои электронӣ аз рӯи барномаи ягонаи ДДТТ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, бо дастгирӣ ва иқдоми раёсати донишгоҳҳар як муаллими кафедра бо планшетҳои ба шабакаи Интернет пайвастшуда таъмин гардидааст. Ин ба беҳбудии раванди таълим мусоидат мекунад. Ҳамчунин, дар сохтори донишгоҳ  10 шуъба, 11 марказ, 11 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодаанд.Танҳо дар 11 соли охир дар сохтори донишгоҳ 11 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 1 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд.

-Ҳоло теъдоди муҳассилини хориҷӣ дар донишгоҳ кам нестанд. Онҳо  чанд нафаранд?

-Дар 11 соли охир миқдори муҳассилини хориҷӣ дар донишгоҳ зиёд шуда, ба 1599 нафар расидааст. Дар соли 2008 дар донишгоҳ ҳамагӣ 477 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекарданд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ҳам дар сатҳи то дипломӣ ва дар сатҳи баъди дипломӣ нисбат ба соли 2008 дар маҷмӯъ се маротиба зиёдшавӣ мушоҳида карда мешавад.

— Соли гузашта бо ташаббуси шумо ду бинои сохтмонашон нотамоми таълимӣ, воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш”, азнавсозӣ карда шуд. Он чӣ шароит дорад?

-Дуруст аст. Таъмири пурра ва ба истифода додани ду бинои таъмириро яке аз дастовардҳои асосӣ медонем. Бо истифодаи самараноки маблағҳои хусусии донишгоҳ корҳои сохтмонию таъмирӣ идома дода шуда, дар натиҷа, донишгоҳ боз соҳиби ду бинои таълимии замонавӣ гардид. Масоҳати лоиҳавии биноҳои мазкур 9 400 м2-ро ташкил намуда,  аз он 6 056,77 м2 масоҳати муфиди таълимӣ   мебошад. Дар бинои мазкур Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бунёд шуда, бо технологияи муосири симулятсионӣ (симуляторҳо, муляжҳо, фантомҳо, таҷҳизоти тиббӣ) ва таҷҳизоти замонавӣҷиҳозонида шудааст. Дар марказ шароити муфиди таълимӣ барои омӯзишу сайқал додани  зиёда аз 400 малакаҳои амалӣ ва муоширатии касбӣ муҳайё карда шудааст. Биноҳои нави таълимӣ  29 августи соли 2017 бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, Маркази таълимӣ — илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” дар масоҳати 383м2 сохта шуда,бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа мавриди истифода қарор дода шуд. Бо дарназардошти оне, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва таҳияи доруҳо бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистонро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи фарматсия муайян намудаст, маркази мазкур фаъолиятро дар ин самт тақвият хоҳад бахшид.Инчунин, дар як муддати кӯтоҳ биноҳои таълимӣ, аз ҷумла кафедраҳо (забони тоҷикӣ, микробиология, химия, гистология, анатомияи одам, анатомияи патологӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ, тибби ҳарбӣ, беҳдошт ва муҳити зист, беҳдошт ва экология, стоматологияи кӯдакона, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, эпидемиология ва ғайраҳо), марказҳо (Маркази омодагии қаблӣ, Маркази таълимӣ — клиникии “Стоматология”) пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

-Дар донишгоҳ тарзи баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён чӣ гуна аст? Умуман, сифати таълими хатмкунандагон чанд фоиз аст?

-Имрӯз дар донишгоҳ Маркази ягонаи тестӣ фаъолият менамояд, ки тавассути он омодакунии саволномаҳои (билетҳои) тестию хаттии санҷишу имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ автоматӣ кунонида шудааст. Марказ  шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд. Баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ бе дахолати ғайр сурат гирифта, барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад. Раёсати донишгоҳ ҷараёни таълим ва коргузориро  бо технологияи муосири иттилотию коммуникатсионӣ пурра таъмин намудааст. Натиҷа нишон медиҳад, ки гузаронидани чорабиниҳо зикргардида дар беҳтар шудани сифати таълим ба назар мерасад. Дар тӯли 5 соли охир ҳангоми аттестатсия хатми давлатӣ на фақат ба дониши назариявии донишҷӯ, балки ба истеъдод, маҳорат, қобилияти илмиву эҷодӣ ва фикрронии клиникию аналитикии хатмкунандагон баҳо дода мешавад. Вобаста ба ин, имтиҳони давлатии хатм дар 3 давра баргузор мегардад. Сифати таълими хатмкунандагон аз 72,3% (соли 2008)  то 80,4%  (соли 2019) баланд шудааст.

-Ҳамасола дар рейтинги муассисаҳои олии кишвар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мақоми дуюмро мегирад. Сирри ин муваффақият дар чист?

-Чанд омили асосие, ки дар дар боло ишора кардам, рабт мегирад. Дуруст аст, ки мувофиқи рейтинги муассисаҳои олии касбии кишвар, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар байни 39 макотиби олии кишвар ҳамасола дар ҷои дуюм қарор дорад. Боиси ифтихор аст, ки донишгоҳ соли ҷорӣ аз аттестатсияи давлатии муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол ва ҳамчунин, аз барномаи комиссияи  экспертии берунаи агентии акредитатсия ва рейтинги байналмилалӣ бомуваффақият гузашт.

-Дар баробари омода намудани табибони оянда самти дигари фаъолияти донишгоҳ тарбияи  кадрҳои илмӣ мебошад. Дастоварди илмии донишгоҳро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Соли 1939 то инҷониб аз ҷониби кормандони донишгоҳ 2057 рисолаи илмӣ,  аз он ҷумла 301 рисолаи докторӣ ва 1756 рисолаи номзадӣ таҳия ва ҳимоя шудааст. Аз теъдоди умумии рисолаҳои илмии ҳимояшуда 1162 – тои онҳо, аз ҷумла 186 рисолаи докторӣ ва 976 рисолаи номзадӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне баъди соли 1991 таҳия ва ҳимоя шудааст. Боиси зикр аст, ки дар донишгоҳ ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз соли 1952 ва рисолаҳои докторӣ аз соли 1968 оғоз шуда буд.Айни ҳол дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамоянд, аз инҳо як Шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва чортои дигари он дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки барои ҳимоя гардидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ заминаи хубе фароҳам меоварад. Дар 10 соли охир, яъне аз соли 2010 то инҷониб дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳӣ ва берун аз он 296 рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла 259 рисолаҳои номзадӣ ва 37 – рисолаҳои докторӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун ҳимоя гардидааст. Баъди ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намудани 4   Шӯрои нави диссертатсионӣ дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи ҳимояи рисолаҳои илмӣ пайдо гардид.

Инчунин,  аз соли 2015 инҷониб тайёр намудани доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисосҳои 6D 110100 — “Тиб” 6D 110400 — “Фарматсия” ва 6D 110200 — “Тандурустии ҳамагонӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба роҳ монда шудааст.Айни замон шумораи умумии унвонҷӯён барои дарёфти унвони номзади илми тиб 92 нафар ва барои дарёфти унвони доктори илми тиб 9  нафар мебошанд, ки аз рӯи ихтисосҳои акушерӣ ва гинекологӣ, асабшиносӣ ва  асосҳои ирсияти тиббӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ҷарроҳӣ, беҳдошт ва экология, беҳдошти муҳити зист,  дерматовенерология, онкология, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, оториноларингология, психиатрия ва наркология, стоматологияи кӯдакона ва ортопедӣ, травматология ва ортопедия, урология, физиологияи нормалӣ, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, анатомияи одам, фтизиопулмонология, ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, эпидемиология, микробиология, варзиши муолиҷавӣ, биохимия ва биологияи тиббӣ таҳсил менамоянд.

Омода намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура аз руи ихтисос (PhD), докторантураи анъанавӣ, унвонҷӯи дараҷаи илмии номзадӣ ва докторӣ, инчунин магистратура ба роҳ монда шудааст.

-Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият дар самти илм ва дастгирии ҷавонон таъсиси Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мебошад. Аз замони таъсис то имрӯз чанд нафар устодони донишгоҳ соҳи ин ҷоиза шуданд?

-Аз соли 2010 то инҷониб дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ  барои олимоне, ки дар соҳаи илм ва техника  корҳои намоён анҷом додаанд, олимони ҷавони донишгоҳ низ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 11 нафар соҳиби ҷоиза гардидаанд. Аз ҷумла, Қобилов Қ.К., Олимова Л.И., Ҷанобилова С.М., Уроқов К.З., Билолов М.Қ., Займуддинов Б.М., Ҷамолова Р.Ҷ., Назаров Ҳ.Ш., Раҳмонов Ш.Ҷ., Ҷалилзода С.С., Рузибойзода Қ.Р. мебошанд.

Ҳамзамон, 3 нафар олимони донишгоҳ Убайдулло Қурбон, К.П. Ортиқов ва А.А.Давлатов барои даствордҳо дар соҳаи илм ва техника бо ҷоизаи давлатӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовор гаштаанд.

-Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо  муассисаҳои олии хориҷӣ чӣ нақш дорад?

-Ин шуъба дар донишгоҳ соли 1977 таъсис ёфтааст. Маҳз тавассути он то имрӯз намояндагони зиёда аз 37 давлати дунё дар донишгоҳ таҳсил намуда истодаанд. Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ барои пешрафт ва равнақи  донишгоҳ ва эътирофи он дар арсаи байналмилалӣ ҳиссагузорӣ менамояд. Дар маҷмӯъ, ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо 135 муассисаҳои илмию таълимии ҳориҷи кишвар созишнома ва қарордодҳоро ба имзо расонидааст.

-Ташаккур барои суҳбат. Дар охир аз номи хонадагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуморо ба ифтихори 80-солагии донишгоҳ шодбош менамоем. Ба ҳайати устодони донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ, солимгардонии миллат барор хоҳонем.

Мусоҳиб

Усмон РАҲИМЗОДА

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.