Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маркази «Стоматология»: Донишҷӯён ҳам меомӯзанду ҳам табобат мекунанд

Маркази таълимӣ, илмӣ — клиникии «Стоматология» дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  фаъолияти худро аз соли 2007 оғоз намудааст. То ин замон дар Тоҷикистон чунин маркази таълимии стоматологӣ вуҷуд надошт.

Аз ибтидои фаъолият  роҳбарии марказро С.М.Шарипов, С.К.Сабуров, С.А. Таибов ба зимма доштанд. Ҳоло роҳбарии Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии “Стоматология”-ро Исломиддин Одинаев ба зимма дорад.

Исломиддин Одинаев мегӯяд, ки марказ дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин, барои такмили маҳорати касбӣ, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти стоматологӣ, расонидани хизмати тиббӣ аз рӯи ихтисос ба муроҷиаткунандагон корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.

Дар марказ корҳои илмӣ яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.  Дараҷаи унвоннокии кормандони кафедраҳои МТИК «Стоматология» зиёда аз 50% -ро ташкил медиҳад. Дар кафедраҳои марказ тамоми корҳои табобатие, ки дар соҳаи стоматологияи муосири дунё истифода мешаванд, роҳандозӣ карда шудааст ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин аст. Дар марказ кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ ва муолиҷавӣ пурра, кафедраҳои стоматологияи кӯдакона ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй қисман ҷойгир шудаанд. Фаъолияти ҳуҷраҳои рентгенӣ, физиотерапевтӣ, тамизгардонӣ кори устодонро осон гардонида, барои сари вақт ташхиси дуруст ва табобати муфид намудан мусоидат менамояд. Дар ҳама ҳуҷраҳо камераи нигоҳдории асбобҳои тамизшуда гузошта шудааст, ки ин барои бехатарии сироятӣ муҳим аст. Ҳамкорӣ байни устодони кафедраҳо дар сатҳи зарурӣ буда, барои баланд бардоштани нуфузи марказ ҳамчун клиникаи донишгоҳии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мусоидат мекунад.

Ташаббуси ректор

Исломиддин Одинаев вазифаҳои асосии марказро  дар баланд бардоштани савияи таълими донишҷӯён ва магистрҳо, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос,  тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ,  тайёр намудани дастурҳои методӣ, дарсӣ ва дастурамалҳо барои машғулиятҳои амалии донишҷӯён ва муаллимон,  иҷрои корҳои тарбиявӣ,  муолиҷавӣ ва машваратӣ медонад.

Дар марказ қариб ҳама лексияҳо ва дарсҳои амалӣ тариқи презентатсия, яъне бо истифода аз компютер, проектор ва доскаи электронӣ гузаронида мешаванд. Дар марказ ҳуҷраи фантоми бо ҳама маводҳои ҳозиразамон фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад.

Шаъбон Убайдов, донишҷӯи курси 3-юми факултети стоматология мегӯяд, ки  солҳои аввали таҳсил дар Маркази илмӣ, таълимӣ-килиникии “Стоматология” шароит хуб набуд. Дарсҳоро дар ҳар куҷо мегузаштанд, синфхонаҳо тангу лавозимоти зарурӣ муҳайё набуд.  Ҳоло маркази мазкур  бо дастгирии ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ пурра  таъмир гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудааст. Яъне, ҳоло ҳама мутамарказанд ва устодону  донишҷӯён дарсҳои худро дар як ҷо мегузаронанд. “Айни замон мо ҳангоми дарсҳо таҷҳизоти электроташхис, ренгенҳои нави замонавӣ ва дигар лавозимоти дар соҳаи дандонпизишкӣ муҳимро истифода мебарем. Асосан, дар марказ ҳангоми дарсҳои амалӣ асбобҳои яккаратаро ба беморон истифода мекунем. Яке аз бурдҳои маркази мо дар он аст, ки донишҷӯён амалияро дар дохил ва бевосита бо беморон мегузаронанд, ки дар ин ҷода устодон роҳнамо ҳастанд. Агар мо 50 фоизи дарсро тариқи назария гузарем, 50 фоизи дигарро  амалия бо беморон сурат мегирад. Яъне, онҳоро дар ҳамдастӣ бо устодони худ қабул ва муоина мекунем.  Пеш дар назди устод барои гузаштани дарси амалӣ донишҷӯёни зиёд  медаромаданд, аммо ҳоло бошад, ҳамагӣ 4-5 нафар донишҷӯ  назди як устод медароянд, ки ин ба самараи кор таъсири мусбат мерасонад. Яъне, синфхонаву ҳуҷраҳои муоинавӣ дар марказ  бештар гардидааанд”, -гуфт донишҷӯ Шаъбон Убайдов. 

Ҳамкориҳо самар меоранд

Ҳамкориҳо бо макотиби олии хориҷи кишвар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро ба натиҷаҳои назаррас ноил  гардонидааст. Ин аст, ки сол ба сол сифати таълиму тарбия беҳтар гардида, озмоишгоҳу марказҳои илмӣ-клиникӣ  бештар мешаванд. Ташрифи меҳмонон аз давлати Олмон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, баргузории семенарҳо дар Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии «Стоматология» гувоҳи гуфтаҳои болост. 12-уми ноябри соли равон  бо иштироки президенти генералии Ширкати “Мегадент”-и Олмон Матиас Глокнер, директори ширкати «Гелий» Чекменёв Андрей Викторович ва мудири кафедраи факултети стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии стоматологии Тошканд доктори илмҳои тиб, профессор Бекҷанова Олга Есеновна дар толори лексионии Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ дар мавзӯи «Усулҳои пешрафта дар  барқароркунии қисми ғилофаки дандон» семинар баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни бахши 4-5 факултети стоматологӣ,ординаторони клиникӣ, табиб-интернаҳо ва устодони кафедраҳои марказ ва кафедрахои факултети стоматология иштирок намуда, бо усулҳои навтарини реставратсияи дандон шинос шуданд.Инчунин, 13.11.2019 дар МТИК «Стоматология» мастер-класс дар мавзӯи мазкур баргузор шуд, ки дар он мутахассисони соҳа, донишҷӯёни бахши 4-5 факултети стоматологӣ, ординаторони клиникӣ, табиб-интернҳо ва устодони кафедраҳои марказ иштирок намуданд. Онҳо  бо усулҳои навтарини реставратсияи дандон шинос шуданд ва корҳои омӯхтаашонро амалӣ нишон доданд.

Озмоишгоҳ дар  “Стоматология”

Ба гуфтаи Исломиддин Одинаев, ҳоло дар чор кафедраи МТИК “Стоматология”  тамоми шароит фароҳам аст. Ба андешаи номбурда, агар донишҷӯ дар баробари таълим ба амалия машғул нашавад, гӯё ҳеҷ чизро аз худ накардааст. Бинобар ин, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, аз ҷумла факултети стоматология  бештар бо беморон сарукор мегиранд. Яъне, назария якҷо бо амалия омехта шудааст.

Ҳайати устодони факултети стоматологияи донишгоҳ дар пешниҳод ва баровардани дастурамалҳои тиббӣ назаррас мебошад. Соли 2016 ҳайати кафедрҳои Маркази “Стоматология” барои пешгирии гепатитҳо  ва ВИЧ/СПИД пешниҳоде карданд, ки баъдан соли 2017 дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад. Сипас,  ҳайати устодони факултет дастурамале бароварданд, ки  ҳоло он роҳнамо барои кормандони сохаи тибби стоматологӣ мебошад. Дар  дастурамал дар бораи  роҳҳои паҳн  шудани  гепатит ва пешгирии он маълумоти мукаммалу фаҳмо оварда шудааст. Инро ба назар гирифта, масъулини Маркази  “Стоматология” озмоишгоҳи махсуси гепатит ва ВИЧ/СПИД-ро ҳам  кушодаанд.  Пеш аз фаро гирифтани табобат,  муроҷиаткунандагон аввал дар озмоишгоҳ аз ташхис мегузаранд.

У. РАҲИМЗОДА

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.